Бахшҳо
15 апр 2014 10:46Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

ВИДЕО: Хуруҷи дарди меъдаи Зайд Саидов ва шарти пешинаи Абдулхайров

Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав, ба вакилони мудофеаш гуфтааст, рӯзҳои охир дарди меъда ӯро азият медиҳад. Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, ин ҳарфҳоро рӯзи 15 апрел баён дошт.

Рӯзи сешанбе Додгоҳи олӣ дар пайи шикояти вакилони мудофеи Зайд Саидов барои бозбинии ҳукми ӯ мурофиа ташкил карда буд. Қудратов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташро дар он ҷо дода, сӯҳбат кардаанд. Вай афзуд, аммо ба далели он ки онҳо то ҳол матни ҳукми додгоҳ нисбат ба нафари таҳти ҳимояташонро дарёфт накардаанд, ин мурофиа то як ҳафтаи дигар ба мавқуф гузошта шудааст.



Ба қавли ин вакили мудофеъ, масъулони Додгоҳи олӣ то ҳол ин шартро пеш мегузоранд, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёти ҳукм онро дастраси вакилони мудофеъ хоҳанд кард. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, онҳо то ҳол ба хулосае нарасидаанд, ки барои ифшо накардани ҷузъиёти ҳукми Зайд Саидов розӣ шаванд ва ё нашаванд. Зеро ба гуфтаи ӯ, агар аз як сӯ ризояти онҳо барои дарёфти ҳукм зарур бошад, аз сӯи дигар дар сурати ифшои ҷузъиёт онҳоро ҷазо интизор аст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал рӯзи 25 декабри соли 2013 Зайд Саидовро бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ – “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ”, “фасод ва ришвастионӣ” гунаҳкор дониста, ба 26 соли зиндон маҳкум карда буд. Бархе аз коршиносон ишора бар он мекунанд, ки ҳукми Зайд Саидов ангезаҳои сиёсӣ дошта, ба тасмими ӯ дар мавриди таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав рабт дорад.

Аммо Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи парвандаи Зайд Саидов, аввали соли ҷорӣ дар нишасти хабарие ҳама гуфтугузорҳо дар бораи сиёсию фармоишӣ будани парванда ва ҳукм нисбати Зайд Саидовро беасос хонд. Оқои Абдулхайров баъд аз эълони ҳукми Зайд Саидов ҳалномаи додгоҳро ба вакилони мудофеи ӯ надода, ба онҳо шарт гузошта буд, танҳо дар сурати ошкор нашудани ҷузъиёташ, онро дастрас хоҳад кард.

Зайд Саидов моҳи майи соли гузашта, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, замоне ки ба ҳайси вакили маҷлиси шаҳрӣ масунияти дахлнопазирӣ доштааст, боздошт гардид. Ин ҳодиса баъд аз тақрибан як моҳи азми ӯ барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, ки ҳадафаш ислоҳот ва беҳбудии рӯзгори мардум гуфта мешуд, сурат гирифт. То кунун додгоҳҳои Тоҷикистон чанде аз корхонаҳои марбут ба Зайд Саидов ва хонаводаи ӯро ба ихтиёри давлат дода, ширкати “Тоҷсохмтон- байналмилал”, ки ба писари бузурги ӯ тааллуқ дорад, 16 миллион сомонӣ ҷарима бастааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
izo namekashe Kiyomat guftani chizay to kaya i korora mekne

Alloh nigahbon bosha shumoro Zayd Sherovichi Muhtaram , Va ba oilai shumo Sabri jamil , inshoalloh ruze meshavad shumo ozod meshaved ! zero ki hubii shumo hayrhohii shumo ba hazoron hazoron odamon rasidaand , Alloh hamayi shumoro nigahbon boshad !

Ма намефахмам хаму халномай суда барои дар газето чоп кардан мегиран ё барои даьвои касатсиони? Агар барои дъво бошад имзо карда гиранд. Ифшо накарда даъвояшонро кардан гиранд! Ба фикрам и вакило барои дар гзето чоп кардану худнамоиштии мегиранд халномаро на барои даъвои касатсиони!

Хабарнигорони озодагон-хам се вакт хурокашона дар хонаи Зайд мехран чи?. Хабарои хонаи хаму мардака хамаша медонанд. Ба и гапом бо раиси карупся барин суда натенма.

Акои 3афар гап байни худамон хамин абед хонаи акои Зайда ташкили чи буд? Ин хабар дар вакти абед дархонаи Шерович медаи 3айд ба ёди вакилон расиду ба шумо гуфтанд ха?

Дуст
мучозот аз ин бештар чиро интизоред вакилони мухтарам аз ин бештар зулму тавхини мардум ва Шумо вакилон....
Зиндаги охир сарояд БАНДАГИ даркор нест!
Шумо имзо карда гиред кани мардум фахманд ки дар он парванда чи гап аст ва Шумо хам ба хамаи матбуот ва сайтхо дихед агар масъала дар хакикат тухмати Зайд бошад мардум Шуморо химоят мекунад
корро ба душ гирифтед то охир биравед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)