Бахшҳо
15 апр 2014 14:14Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

ВИДЕО: Боздошти раиси ҲНИТ дар Бадахшон ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ

Саодатшо Адолатов, раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Бадахшон, ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ миёни сокинон аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шудааст. Тибқи иттилои як манбаи “Озодагон” дар Ванҷ, боздошти Адолатов рӯзи 14 апрел дар ҷамоати Язгулом сурат гирифта, эҳтимол ба зудтарин фурсат ӯро ба Хоруғ ва ё Душанбе интиқол бидиҳанд.

Оҷонсии иттилоотии миллӣ – “Ховар” навиштааст, Адолатов ба он гумонбар аст, ки гӯиё дар деҳаҳои Мотравн ва Вравзи ҷамоати Язгулом чандин бор ба таври оммавӣ ба таҳқири сокинони маҳаллӣ даст зада, фазои носолими якдигарбадбиниро ба вуҷуд овардааст. Ин оҷонсӣ менависад, гӯиё аз болои раиси дафтари ҲНИТ 30 тан аз сокинони ҷамоати Язғулом ба мақомот шикоят бурдаанд.

Яке аз суханрониҳои кӯтоҳи Саодатшо Адолатов дар ҷаласаи ҲНИТ (Аз бойгонии "Озодагон")



Дар пайи шикояти онҳо гӯиё ташхиси пешакии мутахассисони соҳаи диншиносӣ дар робита ба муҳтавои аризаи дастҷамъона ва баёноти сокинони деҳаҳои Мотравн ва Вравзи ҷамоати Язгулом нишон додааст, дар ҳаракатҳои Адолатов барангехтани кинаву адовати динӣ, инчунин, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин дида мешавад.

Боздошти Саодатшо Адолатов дар ҳоле сурат гирифта, ки бист рӯз пеш дар нашрияи расмии ҳукумати вилояти Бадахшон ва рӯзи 5 апрел дар "Ҷумҳурият" бо имзои И.Мироҳаниев дар бораи ӯ мақолаи интиқодомезе ба нашр расида буд. Муаллиф ва 810 нафаре, ки гӯиё зери ин матлаб имзо гузоштаанд, Адолатовро барои бунёдӣ кардани ақидаҳои асримиёнагӣ ва ҳамнишиниаш бо Ҷумъаи Намангонӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ муттаҳам кардаанд. "Ин шахс маломати ҳамроҳӣ бо Ҷумъабойи Намангонӣ - аҷнабии тоҷиккушро дошта, дар солҳои 1995-96 дар шаҳри Кобули Афғонистон дар ситоди Ҳаракати исломии Узбакистон ёру ёвари ин гурӯҳи қаттол будааст",-навишта шудааст дар матлаб.

Дар идомаи матлаб Саодатшо Адолатов барои ривоҷ додани арзишҳои барои диёри Ванҷ бегонаниз муттаҳам гардидааст. "Аз ин лиҳоз, тақозои мо аз Саодатшо Адолатов ин аст, ки ба хотири таҷзия накардани шерозаи ақидатии бошандагони водии Ванҷ аз вазифаи ҳубобӣ ва хасакии раисии бахши ҲНИТ дар ВМКБ даст кашад",-таъкид шудааст дар матлаби Мироҳаниев.

Адолатов моҳи августи соли гузашта раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон интихоб шуда, дар ин мақом Муслима Броимшоеваро иваз карда буд. То нооромиҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ин мақомро марҳум Сабзалӣ Ризоев бар ӯҳда дошт.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
КМИР
Интихоботчони 2015 чонта гардем аку сари чанд каса мехри? Хукумат хеч кор наёфт имтихони забони точики барои вакилон ва холо парвандахои сохтаву бофта ва тухмати мухолифони ххдт бо тумат. Э интихоботчон ай дасти ту чанд кас дузахи мешида бошад-а? КАни гуй?!

акаи Озодагон аъзои хизби ХДТочикистон шидй чй ки гапои мора чоп намекунй.

Дарвеш
Нишонахои интихоботи парлумони 2015 аз холо ру зада истодаанд. Капокап сар шуд. То гузаштани ин интихобот хаёти бисёри аз мухолифони хукумат талх мешавад.

Салом ба хонандагон, Пеш аз хама ман як чизро мехостам ба шумо тазакур бидихам ки чанде пеш дар хамин озодагон чанд Точикро броварда буданд, ки аз бе Худоги дар хамачо нашр карданд гуё худо вучуд надорад. дар сурате ки 98% Точикистон мусалмонанд ва бовар ба Худо доранд. Оё Ин барангехтани адовати динӣ миёни сокинон нест? чаро хукумат доро ин касонро ба махкама намекашад? медонед чаро?

Махрум Сабзали Ризоев 24 07 2012 ба катли расонида шуд Баьд аз он мурдаашро гирифта ба партовгох партофтанд Хатто видо вучуд дорад чихел чисми бечони Сабзалиро ба партовгох мепартоянд Ин чавон хамаги 34 сол дош Фарзандаш бе падар монд. Вакте ки призидент ба Хоруг омад гуё ин вокеяхоро намедонист Ду донишчуе ки дар даруни мошин паронда шуданд гуё аз ин хам хабар надошт. Дар вохури одамони худиро чамь карда касе ки мехост руи рост ба вай савол додо аз бедодигари гап занад онхоро ба очо рох надоданд Муборизаи номардона ба мукобили халки Бадахшон холо хам давом дорад Озодагон Шумо хам рузхои охир ё фурухта шудаед ё метарсед Фикри хонандагонро бе ягон тагирот чоп кунед. ё номатонро ба чумхурият иваз кунед

АСРОР
ИМРУЗ ТОЧИКИСТОН АЗ ЛИХОЗИ САВОДИ СИЁСИ ДАР МИНТАКА ДАР ЧОИ ОХИРОН КАРОР ДОРАД.ШАРМАНДАГИ АЗ ИН ЗИЁД НАМЕШАВАД.САБАИ АСЛИИ БЕХУРМАТИИ СИЁСАТМАДОРОНИ РУС НИЗ НИСБАТИ МИЛЛАТУ КИШВАРИ МО ДАР БЕСАВОДИИ ИН МАРДУМИ "МАДАНИ"АСТ.

Бадахшон чатри симини замин аст.Нисбати ин вилоят инон коре карда наметавонанд.Вилоят кадрхои зиёди зиёи ва хукуки дар хоричи кишвар дорад.Худшиноси ва худогохии онхо низ хело баланд аст.

Рустам
Мухтарам Асрор!!!!!!!!!!! Хохиш дорам, оиди мавзуъ сухан гуед, на оиди чатри замин будан ё набудани Бадахшон ва кадрхои он, зеро оиди ин дар навиштахои боло ягон маълумоте оварда нашудааст.

Сабаби асли дар дастгирии Саодатшо на тафриқа андохтани y мебошад балки рyкy рост гуфтани мушкилоти мардyм мебошад. Агар ин мард мисли базе дигар раҳбарони наҳзат ки аз гуфтани сухани ҳақ метарсанд мебyд ҳаргиз дастгир намешyд. Чи кyнем ки дар кишвари мо онҳое раҳбариро идома додан метавонанд ки бояд ҳарфи дилашонро гуфта натавонанд ва ҳамеш бале гyяк бошанд. Хушбахтона ин сифати пастро Саодатшо надошт ва ҳамеш ҳарфи дилашро озодона аз мушкилот мегуфт.

ИНРО БИНЕД! ТОКИИ ПОМИРИ ДАР САР ДОРАД, ХОЛ ОН КИ ЯГОН АЛОКА БАЙНИ ПОМИРУ ИН ШАХСХО НЕСТ. ИНХО ЯЗГУЛОМУ ВАНДЖИХО ХАСТАНД, КИ МОРО ШИЪА ГУФТА........
ИЛТИМОС!!! КАДРУ КИММАТИ ИН ТОКИИ ПОМИРИРО ПАСТ НАКУНЕД ХАМИН ФИКРХОВУ МАКСАДОЯТОН КАТИ...!!!
РАХМАТ!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)