Бахшҳо

Ранҷи Амонулло аз дарди дил ва кумакхоҳии волидонаш (ВИДЕО)

Амонулло Абдураҳмонов, сокини ҷавони ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон, солҳост, аз дарди қалб, ки дар тарафи рости ӯ ҷойгир будааст, азият мекашад ва ҳоло волидонаш ният доранд, ӯро ҷарроҳӣ намоянд. То ҳол дақиқ накардаанд, ки ин ҷарроҳӣ дар куҷо хоҳад гузашт, аммо табибони Ҳиндустон баъд аз дидани ташхиси Амонулло Олмонро маслиҳат додаанд.

Падару модари Амонулло ба дафтари “Озодагон” омада, дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, писарашон ҳангоми тифлӣ бо мушкили нафаскашӣ, кабудии лабу даҳон ва таппиши ғайриодии дил рӯбарӯ шудааст. “Вақте ба табибон муроҷиат кардем, гуфтанд, дилаш бемор аст”,-нақл мекунад Давлатбӣ Тағоева -- модари Амонулло. Ӯ афзуд, “дили бачаи мо аз тарафи рост буда, се “ҳуҷра” (камера) доштааст. Роҳи ягонаи наҷоти Амонулло ҷарроҳӣ буд, аммо он вақт табибон гуфтанд, чунин ҷарроҳӣ имкон надорад.”



Ба қавли волидони Амонулло, ӯ тақрибан 18 сол аст, ки аз нуқси модарзодии дил (декстракардия, меъдачаи ягона бо ҷойгиршавии транспозитсионии рагҳои магистралӣ ва перикардити музмини экссудатимӣ) азият мекашад. Ба таври одӣ гӯем, дили Амонулло се “ҳуҷра” дошта, девораи миёни ду меъдача хуб ташаккул наёфтааст ва дил гӯиё як меъдача дорад. Дар натиҷа, стеноз, ҷойивазкунии шоҳраг (аорта) ва гипертрофияи меъдачаи рост рух медиҳанд. “Амонулло аз овони кӯдакӣ таҳти назорати табибон қарор дошта, доруҳои мухталифро қабул намуд. Аммо ҳамаи он фоида накард ва аҳволи ӯ бадтар мешаваду беҳтар не”,-мегӯяд падари Амонулло, Раҳматулло Абдураҳмонов.

Волидони Амонулло то кунун барои табобати фарзанди худ, ба ҷуз манзилашон, тамоми дороии худро харҷ карда, рӯзҳои зиёди зиндагиашонро паси дари беморхонаҳо гузарондаанд. Раҳматулло Абдураҳмонов мегӯяд, ҳоло барои кумаки афроди хайрхоҳ ва он ҳам барои аз чангӣ беморӣ раҳо кардани писараш эҳтиёҷ дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Худованд шифои комил дихан бародари азиз!!!

Фаррух
Дар бонк Суратхисоб кушодагиян? ракамаи суратхисобро хам нависен

Амир
Худо додарака шифои комил бта! Аз дастамон меомадигира мекнем, неким хами пулдоро худшона дур нагиран. Кумак кардан даркор мардони баномуси ТОЧИК!!!!!

Tojik
Yagon roh boshad az Chin yordami hudro rasonem ? yafon mablak ravon kunem ?

беном
хатман дар бонк суратхисоб боз кунед. ншоаллох кумак мешавад

Салом! Намешавад ки мо бо тарики телефонхои мобили смс фиристонем...ин тарик нагзтар ва тезтар маблаг чамъ мешавад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)