Бахшҳо

Гилаи Юсуф аз русҳо дар пайи изҳороти Жириновский

Иддаои Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР), дар бораи он ки кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон орзуи пайвастан ба ҳайати Русияро доранд, бо вокунишҳои тунди хонандагони мо рӯбарӯ шуд. Ҳоло номаи яке аз шарҳнависонро бо номи Юсуф нашр карда, мехоҳем, Шумо низ дар ин бора фикру андешаҳои худро ба мо фиристед.

ШАРҲИ ЮСУФ:

“Тоҷикон ҳамеша ғуломони ҳалқабаргӯш буданд. Аз аъроб сар карда (ба воситаи дини Ислом) то турку муғулу рус. Ин чизи нав нест.

Ҳамин аст, ки хислати ғуломиро ҳеч наметавонем тарк бикунем. Вале, дар ҳаққи мо бадтарин хиёнатро русҳо кардаанд, бо сад ҳиллаву фиребу найранг. Заминҳоямонро ба дигарон тақдим карданд; хатти бобоиро маҷбуран тағйир доданд; тафаккурамонро вайрон карданд; дар байни миллати тоҷик ҷудоӣ андохта, ба ҷанги бародаркуш кашиданд; миллионҳо фарди тоҷикро дар Русия истисмор карда, боз таъна мезананд; тайи беш аз 10 сол "Ҷамшуду Равшан"-гӯён масхара карданд; лашкараш (дивизияи 201) Тоҷикистонро ишғол кард; сиёсатмадоронаш (Жириновскийбаринҳо) бешармона дар ҳаққи президент, ҳукумат, давлат ва халқи Тоҷикистон суханони таҳқиромез мезананд; русҳои муқими Тоҷикистон забони давлатиро эҳтиром намекунанд ва дигар бадиҳо.

Ба ягонтои ин аъмоли бад русҳо аз тарафи тоҷикон ҷавоби мувофиқ нагирифтаанд. Бояд зикр шавад, ки ин аъмолро ба миллат ва далати тоҷик на Амрико раво дидаасту на инглису франсузу немис. Ҳатто империяи подшоҳии рус!

Он чизе, ки дар солҳои Шӯравӣ сохта шудааст, русҳо барои худашон сохта буданд, на барои тоҷикон. Зеро онҳо нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил мекарданд (бузургтарин колонияи русҳо!) Акнун ҳамаи он кӯҳнаву фарсудаву нодаркор аст. Ин аст хизмати русҳо назди миллати бечораву фақири тоҷик.

Тоҷикон ба касе ҷабру зулму бадӣ накардаанд. Ин аст ягона боиси ифтихор. ХУДРО ПАСТ НАЗАНЕД. АЗ ИН ДУШМАНОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД!”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
шурави
юсуф сафедро сиёх магу. хамин шурави буд, ки моро аз чахолати феодали берун кард. як ба он суи ому нигар, афгонхо чи гуна зиндаги доранд. шурави як гушаи акибмодаи ба ном бухорои шаркиро, ки ахолияш сар то сар бесавод ва дар зери зулми мангитихову бекхои махалли буданд, ба як кишвари пешрафта табдил дод. давраи шурави давраи тиллои халки точик буд. юсуф ту мукобили хакикати таърихи сухан мегуи. факту далел надори. вале пешрафти точикистон дар замони шурави бо факту далелхо ва бо шохидони зинда аст. магар манзили бепул. тиббу маорифи ройгон бад буд? дар тобистон оби гарм доштем, рохзаниву говзури ва беадолати набуд. аз хама мухим инсон кадр дошт. барои хамин дидаву дониста дуруг нагу.

Аброр
Акаи Юсуф. Барои чи нисбати мардуми рус нафрат дори? Оё дар хамин давру замон мардуми азияткашидаи точик аз хисоби русхо рузгори хешро намебаранд? Ё гуфтании ки Амрикову ингилису франсузу немис ба мо кумак карда истодаанд? Оё намебини ки кадами Амрико ба кадом давлате нарасад, дар он давлат ч,анг сар мезанад. Миллионхо нафаронро мекушанд. Муаммари Каддаф чи гунох дошт вакте Амрико ба сарзаминаш даромаду мардумро ба катл расонид? Холо Ливия чи рузхои сахтро аз сар мегузаронад? Дар даврони Муаммар Каддафи тамоми хизматрасонихо барои мардум бепул буданд. Аз мактаб сар кадра то ба донишгоххои хорич. Рости гап бисёр асту лекин барои ту барин амрикотаборхо ин хама бехуда.

Хонанда
Русхо як хизмати нагз кардаанд дар хакки точикхо ва дигар мусулмонони Осиёи Маркази. Ин иктисодиёту заводу фабрика не, балки ин аст, ки онхо моро аз чахолати феодализм якбора ба сотсиализм кашида бароварданд. Вагарна имруз хам мисли паштунхо аз хайвон камтар фарк мекардем. Мана барои хамин як чахон ташаккур аз русхо.

100 фисад дуруст кайд кардед бародар агар хама точик инро фахмад мо на гулом мешавему на чамшуду равшан лекин афсус

Озод
Касоне,ки вучуди худу кишварро бе русия тасаввур карда наметавонанд,мафкураи гуломи доранд!!!

Фарёд
“Тоҷикон ҳамеша ғуломони ҳалқабаргӯш буданд. Аз аъроб сар карда )ба воситаи дини Ислом( то турку муғулу рус. Ба ин чумла рози шуда наметавонам. Ислом дар инчо чи гунох дорад? Лекин бокимондаи матн хама он чизест, ки ман мехостам гуям. Дар хакикат имруз Русия нисбати халки осиё бисёр нохурмати мекунад. Аз он фикр намекунад, ки ин бадбинихояш моро ба суйи Амрико моил менамояд ва он гох худаш мемонаду сари кокаш танхо. Амрико харчанд бад аст, аммо Русия аз он бадтар. Як матал аст, ки аз ду бад бехтарашро интихоб кун, пас интихоби дурусти мо бояд Амрико бошад.

чониби СССР
Шурави ё Россия буд ,ки мо точикон аз форматсияи феодали яку як бора ба форматсияи сотсиалисти расидем. Дар Щурави сохаи тандурусти,маориф ройгон буданд ва ягон маротиба ёд надорем,ки барк катъ шуда бошад. Чи кадар ятимхонахо ,интернатхо чавонони точикро ба воя расонд ва сохиби маълумоти оли кард. Шахрхоро обод карданд ва роххоро мумфарш карданд.
Дар СССР АДОЛАТ БУД ВА ХАМА БАРОБАРХУКУК БУДАНД. ХИЗМАТЕ,КИ РОССИЯ БАРОИ МАРДУМИ ТОЧИК КАРДААСТ,ДАР ТУЛИ ХАЗОР СОЛ ЯГОН МИЛЛАТ ВА ЯГОН ДАВЛАТ НАКАРДААСТ. То хозир мардуми точик зиндагиашро аз каламрави Россия дарёфт карда истодааст.
Бо умеди хукуматдорони хозира агар щавем, кайхо мардуми точик аз хунуки ,бебарки,бекори ва сатхи пасти зиндаги ба гирдоб меафтем.

Юсуф, чанд бародар аллакай посухатро ба хуби додаанд. ман чизи дигаре гуфтаниам. агар фаразан тамоми гуфтахои ту рост бошанд, чаро точикон чонибдори россия хастанд? хама аблаху нодону гулом хастанд? агар имруз раъйпурси бигузаронем, бешак аксари мардум ба чонибдории пайвастшави бо россия овоз хоханд дод. зеро дар шурави мо гулом набудем, имруз гуломи дари русхо шудем.

99
Бале бародар!
Сад дар сад гапат дуруст аст!
Вале, сад афсус, ки рӯз аз рӯз сафи тоҷикони манқуртгашта зиёд шуда истодааст ва имрӯз русҳо хуб медонанд, ки корашонро карданд ва дигар зарурати овардани русҳо ба Тоҷикистон намондааст. Худи манқуртҳои тоҷикӣ метавонанд ватани моро хароб кунанд ва "ин корро аллакай кардаанд" гуем ҳам, хато намекунем.

Вакте точик точикро нафахмад,вакте точик якдигаро дастгири накунад ,иттифок набошад якдигарро хурмат накунад пас кучо аьроби ,рус хурмат кунад.Ай миллати ман бедор шавед,хушер шавед аз як гиребон сар бароред.Аз нангу номус сухан мекуем,аммо бо як дирам якдигарро мефурушем. Ман пешниход мекунам-Аз хамин дакика,ки хонанда ту ин сатрхор мехони хиси ватандори,хиси милли ва хиси точикият бедор шавад.Як тан шавем.Коре кунем,ки касе моро тахкир накунад.Агар касе моро сухани носазое гуяд хох дар Русия хох дар Амрико хама бояд посухи босазояш дихем.Ва он гох моро,милати моро хурмат мекунанд.Ва он гох мисли Жириновский одамон суханонашонро дониста гап мезанан.

МАН САД ДАР САД ТАРФДОРИ СУХАНОНИ ЮСУФ ХАСТАМ!!!
КАДОМ ДАВЛАТЕ КИ ЕРУ ДУСТИ РУССИЯВУ СССР ХАСТУ БУД, ДАР ХОЛИ ХОЗИР, КАМБАГАЛТАРИН ВА ФАСОДЗАДАТАРИН ДАВЛАТХОИ РУИ ЗАМИН ХАСТАНД. ХАТТО 90% ИН ДАВЛАТХО КАМУДИИ БАРК ДОРАНД. ЧУНКИ РУССИЯ БА ХАМАИ РАФИКОНУ ДУСТОНАШ ХИЗМАТИ ХИРСОНА МЕКУНАД ВА КАРДААСТ.
ВАЛЕ ДАР МЕНТАЛИТЕТИ МАРДУМИ МО, МАРДУМИ РУС ХАМЧУН "МИЛЛАТИ БУЗУРГ" ШИНОХТА ШУДААСТ, ЧУНКИ МОРО РУСХО МАНКУРТ КАРДААНД!!!!

ЧАСУР
ИН ЮСУФРО БА ФИКРАМ АМРИКОИХО ПУЛИ КАЛОН ДОДАВУ ГУЛОМИ ХАЛКА БАРГУШ КАРДААНД. АНА БАРОИ ХАМИН МАНФИАТХОИ ОНХОРО ХИМОЯТ МЕКУНАД. ЯЬНЕ НАМЕХОХАД КИ ПАНЧАИ ПАРЕШОН МУШТ ШАВАДУ БА ЗАБОНИ НОХАКИ ДУШМАН ЗАРБА ЗАНАД. БИГЗОР БО РУССИЯ ХАМРОХ ШАВЕМ БЕ ИН ХАМА ДАВЛАТХОИ СОБИК ИТТИХОДИ ШУРАВИ ..ИДМ.. РАФТА БА МАРДУМИ РУС ГУЛОМБАРИН КОР КАРДА ИСТОДААНД. АГАР БА МИСЛИ ШУРАВИ ИН ДАВЛАТХО ЯКЧОЯ БОШАНДУ КАМБУДИХОИ ЯК ДИГАРРО ДАСТАЧАМОНА ХАЛ КУНАНД ХАМ ЧАШМИ ДУШМАНН КУР МЕШАВАДУ ХАМ ЗИНДАГИИ МАРДУМ БЕХТАР. КАСЕ КИ МУКОБИЛИ ИН АНДЕШАХО СУХАН МЕКУНАД ЯКИН У ЗАРХАРИДИ АМЕРИКОХО АСТ.

Абдулло
Бехтарин сухан

ОЗОДАГОН ТО ДУ СЕ БОР НАНАВИСАНД, ТУ ЧОП НАМЕКУНИ КОММЕНТХОРО?

Ман ба фикри бародар Юсуф розиям .инчо баъзе бародархо дар бораи феодализм навиштаанд, чи магар эрону туркияро хам русхо ёрдам доданд Ки бинед имруз чи гуна тараки кардаанд. Не онхо мисли баъзеи шумо бенангу бе номус набуданд ва нагузоштанд, Ки дигарон онхоро идора кунанд ва нагузоштанд то ин Ки мисли шумо аз Барри пул щуда дину миллати худро фурушанд. Моро русхо аз дилсузи чои кор надодааст балки ин мухочирони Моро хамчун ярок дар вакти даркори мукобили мо истифода мебарад. Яа бор лиёчикхоро ба ёд оред чи гуна он замон мухочиронро аз барои ду лётчик шуда азобу шиканча доданд ва дар натича худ медонед Бо чи анчомид. Агар мо ба руссия хамрох шавем дониста монед мисли шурави хама точикхо дар совхозу колхозхо кор мекунем. Болои хамаи ин холо мо дар хайати онхо нестем вале кадре дар назди онхо надорем. Агар дар хайати онхо шавем ана баъд мисли гулом мешавем. Ак бор Назар ба Грузия кунед муносибаташро аз руссия канд ва бинед дар давоми 4-5сол чи гуна тараки кард. Шумо хамин масъаларо як бор аз канор истода Назар кунед русхо хатто ба укроина, ки ба худи русхо кавман наздикан рахм накарда истодаанд, ба мо точикхо рахм мекунанд. Илтимос озодагон агар озод боши Чоп мекуни.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)