Бахшҳо

Супориши ғайриодии Қодирӣ дар бораи танӯру нон ва “ошпазӣ”

Бо дастури Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, дар аксар макотиби миёнаи шаҳру навоҳии минтақа танӯру “дегдон” (оташдон) шинондаанд. Аз Раёсати маорифи вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфтанд, маъракаи танӯршинонию “дегдон”-монӣ аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба ин сӯ идома дорад ва ҳадаф омода кардани духтарон ба рӯзгордорист.

Ба иттилои манбаи мо аз Раёсати маорифи вилояти Суғд, феълан дар макотиби миқёси вилоят 278 танӯр, 509 дегдон шинонда шуда, 109 маҳфили қолибофию кашидадӯзӣ ва рӯзгордорӣ ба роҳ монда шудааст. “Вобаста ба мавзӯи дарси таълими меҳнат ва ё дар маҳфилҳои иловагӣ хонандагон метавонанд, боз аз наздик бо танӯру ошдон шинос гарданд”,-афзуд манбаъ.

Дар мавриди харидорӣ ва шинондани танӯру дегдон манбаъ гуфт, он бо ташаббуси бархе аз падару модарон, маъмурияти мактаб сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки як сокини 45-солаи шаҳри Хуҷанд бидуни бурдани номаш гуфт, “танӯрро монданду вале доир ба маҳсулоти он фикр накарданд. Чун духтари ман гӯиё навбаташ расидааст, аз хона барои дарси таълими меҳнат орд мебарад. Худатон медонед, имрӯз нархи орд ва дигар маҳсулоти ғизоӣ чӣ қадар аст ва дар баробари ин, шахсан ман барои духтарам чӣ тавр дар танӯр нонро часпонидану дар ошдон ғизо пӯхтанро омӯзонидаам ва меомӯзонам.”

Мақомот харидории маҳсулот барои хӯрокпазиву нонпазиро ба хоҳиши падару модарон вогузор карда, мегӯянд, «он маҷбурӣ набояд бошад» ва дар ҳолате, нонро пухтанд, метавонад, онро ба хонаашон бубаранд.
Мӯҳр
Просто навистан хайфай!мардум космос рафтесиян ие тануру ошдон гуфта гаштия э мемуред талим тиед ту чикор дори да у духтар у падару модар дорад ед мегирад! Е ягон бизнес доред! Ма нафахмидум дар як мактаб попуши тавсия метан дар дигарш ошпази шумо чи моделеру повар тайер кадесен! Озодагон ай сахари ждат кадем хами 1 хабар ефти чи наметонен махкам кунен сомонатон:-@

Хонанда
Бачахои мардума дониш омузонед, на дегдонбози.

э бачахо моро чй баломон задаст. ба чои таргиби хондану ба кудакон ройгон китоб додан ба онхо мавзуи тугмаву иринка, кокулу чорук, тануру нонпазиро бор мекунем. хами кодирй махсули фирмаи шахсиша дар бозор брора намешава.

tojik
Ин хукумат дигар кор надорад магар? Синну сол рафт, аз хукумат бояд рафт.

Хусниддин
Шумо чаноби Кодири ба вазъи таълим таваччух кунед, нонпазиро омухтан вазифаи модару хушдоман аст,

Чалил
Бовар кунед системаи маорифа маскара кардан. Дар дунё чи гапу гапхо мо бошем ба баландии пошнаи туфлии донишчуён назорат мекунем. Дар макотиби миёна омузиши танур. Э хамон тануратон аз саратон монад магар бо ин корхоятон гуфтаниед, ки миллати мо асло техникаи замонавиро намебинад, чи? Эй мардум аз хоби гарон бархезед ин маорифчиёни мо аз акл берун шудаанд!!! Дар мактаби миёна бояд ба талабагон истифодаи техникаи замонави копютерро омузонд на аз пули падару модарон танур сохту ба талабагон омузонд. Истифодаи танурро бигузор дар хона хамрох бо модарашон ёд гиранд!!!!

Бехтараш ба хонаи раиси вилоят ва наздиконаш бубаред! Онхо беш аз хама мухточанд!

Ақлаккадумаркаб
Дар асри 21, пешрафти бесобиқаи илму техника ҳаминам гап шуду..... бозгашт ба давраи феодалӣ.

ABDULLO
salom: ozodagon; yo OLLOH in chi boz yak sharmadagist in rais digar yagon fikri hubtare paido nakard? inash ham az puli padaru modar eeeeeeeeeeeeee kamtar sharm kuned ohi, in qadar fikri hub kardi ba gufty hudat yak bor az puli hudat kun. bad asri XXI yagon fikri nav nadoshty eeeeeeee daa tandur halos shud boz pul jam kunu dar har maktab GOV bkhar yakbora govjushiram yod giran OFARIN rais bisyor durandesh budai. TJK ba pesh. salomat boshed OZODAGON

Барои духтарони ба воя расида монанди шумо раксу бозиро омузонанд?
Офарин А.Кодири , ин икдом барои омухтани рузгордори ташаббуси хуб аст. Аксарияти оилахои чавон аз иллати натавонистани рузгордори, вайрон мешаванд.

Беном
Бародарои мухтарам дар Точикистон хама чизро дидан мумкин аст. Як руз бинед иди Харбуза, як руз дидед иди асал, картошкаю бодиринг. Ин мардаки хуб икдоми иди Тануру дегдону тахдегиро бароварда мардуми вилояти Сугд дар бозор саргардони кофтани тануру дигар чиз шуда гаштиян. Ин инкдоми пешомада дар накшаи кории Хукумати вилоят аз тарафи Кохир Расулзода пешбини гардидааст. Точикам ман точикам точикам.

донишчу
Албат кодири ягон ширкати истехсолии тануру дегдонбарори дорад ки ика таашфикот бурда истодааст ба хотири савдои махсулоташ.хай уро бояд фахмид

Офарин бар чаноби Кодири. Ин икдоми хуб аст. Барои он ки духтарони мо сохиби хунари пухту паз мешавад хамин чи бади дорад? Тахсил хам кунен, нонпазира хам омузен

Тавоно
Икдоми бехтарин аст. Ин икдом бояд дар тамоми чумхури чори карда шавад.

Э раиси мухтарам бо и проблемро аз кучо бароварди хамара мачбур мекуни ки орд баранд ба мактаб навбати фарзанди ман расид мачбурам барои шарм накардани у ордро карз карда тиям. Э вой аслан духттарро бояд дар хона модар ин корро омузонад. шумо мебахшед маорифчиён хаму вазифаи худотона ичро кунед бас. Саводи хонандагони имруза нол асту шумо бо шакаробхурида гузаштед. Фанхои дакикро омузонед. Шарманда карден хамаро мухтарам раиси воломаком. сокини хучанди бостониам. ташаккур.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)