Бахшҳо

Таассуфи Абдулқодирзода аз роҳ ёфтани салафиву шиа ба мансабҳои давлатӣ

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфта, ки ба шуниди ӯ намояндаҳои салафиҳову шиаҳои исноъашарӣ ба мансабҳои давлатӣ даст ёфтаанд: “мутаассифона, мешунавем, ки то ҳадду андозае баъзан аз ин гурӯҳҳо, яъне намояндагони равияи салафӣ ва мазҳаби шиаи исноъашарӣ дар мақомҳои давлатӣ ҳам ҷой гирифтаанд, кор мекунанд ва барои густариш додани ақидаҳои худ талош доранд".

Бино ба иттилои Радиои “Озодӣ”, ҷаноби Абдулқодирзода ин ҳарфҳоро рӯзи 16-уми апрел дар як мулоқот бо фаъолону имомхатибон ва ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб изҳор доштааст. Ӯ афзуда, ки “амалкарди пайравони равияи салафия дар чанд соли пеш барои мову шумо маълум аст, ки чӣ баҳсҳои носолимеро дар миёни ҷомеа барангехтанд ва бадбахтиҳоеро барои ҷомеа ба бор оварданд".

Ин барои аввалин маротиба нест, ки раиси Шӯрои уламон аз намояндаҳои равияи салафӣ ва шиаи исноашарӣ изҳори нигаронӣ мекунад. 4 апрел зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе низ гуфт, куҷое пайравони ин ду гуруҳ бошад, он ҷо нооромӣ аст. Оқои Абдулқодирзода ҳушдор дод, вақтҳои охир дар Масҷиди марказии Душанбе ба онҳо хабарҳо расида истодаанд, ки бархе намозгузорон пояшонро паҳн мемонанд ва ба намозгузории дигарон халал мерасонанд.

“Ҳоло чанд нафаре дар инҷо ҳастанд, аз салафиҳо мебинед, ки дар саф халал меоранд. Дар намоз ҳаст, то охири намоз пояшро мебараду меорад. Халал мерасонанд, ба намозгузорон. То охири намоз фикру ҳушаш ба ҳамон ду пояш ҳаст, бечора... Чанборҳо шикоят кардаанд, "ҳазрати муфтӣ! Ҷавоне дар намоз пояшро мебараду болои поям мемонад, поямро мегирам, боз оварда мемонад. То охири намоз фикрамро парешон кард, ки намедонам, чӣ гуфтам." Масъалаи пойро дар намоз паҳн мондану наздик мондан, инро фуқаҳо ҳал кардаанд. Бар асоси мазҳаби Ҳанафия пой баробари китф бояд монда шавад. Муҳим саф рост бошад, ки ин афзал аст.”- илова намуд, ӯ.

Абдулқодирзода хост, ин афрод ба амалашон хотима бахшанд ва бо ёдоварӣ аз расман мамнуъ шудани ҳаракати Салафия дар Тоҷикистон афзуд, “коре накунед, то ба мақомоти дахлдор ва ҳифзи ҳуқуқ арзу шикоятҳо кунанд, ки омада инҷо чандин нафарро ба маҳкама кашанд. Ӯ сабаби ба такрор дахл карданаш ба масоили шиаҳои “Исноашарӣ” ва ҳаракатҳои мамнуулфаъолият ба мисли Салафияро шарҳ дода, гуфт, “бо ду чашми сарам дидаам, ки ингуна ихтилофоти динӣ чи гуна мардумро ба хуну обу оташ кашидаанд. Садҳо ҳазор нафар сарсону овора шуданд. Бас нест, якбор?! Боз ҳамин ҳаракатҳову низоъҳои динию мазҳабӣ?!”
Мӯҳр
Хуфти
Дар масъалаи рох наёфтани чавонони то 18 сола ба масочид ва рондани духтарони хичобдор аз мактабу донишгоххо якбор лабатонро мекушодед-чи, "хазрат"-и муфти?! Ё дахл кардан ба ин мавзухо дар салохияти шумо дохил намешавад?

Точик
То кай инро реклама мекунед?

Мусулмон
"бархе намозгузорон пояшонро паҳн мемонанд". Фарки ханафи аз салафияш факат дар хамин бошад? Сатхи чахонбинии кабилави. Фарк агар дар дарки фалсафаву коинот бошад, хайр мегуем, ки ин ду фирка ихтилофи назар доранд, аммо бо ин пойхои пахну пойхои чамъ айб аст ба Худо.

Сафар
Боиси таассуф хаст,ки чунин ашхос рохбари динии мо хастанд.Афсузи ин миллат ва давлат.Салафихоро хамон вакт метавонед,пеши рохашонро гиред,ки агар иктисодро хезонеду точикро аз мардикоррави ба Руссия рафтан маън кунед.Хамчунин яке аз сабабхои зиёдии салафихо ин хачрави ва Арабистони Сауди ва Катар аст.Ба ончойхо рафтанро маън карда метавонед?Масъалаи Иронро ва шиаи Иронро ба гуши шумо разведкаи Амрико хонда истодааст.Фикр намекунед,суханхоатон ба дипломатия точику ирони чи гуна халал ворид месозад.Хамон корхои беаклонаи соли 1992 ро хамрохи болшевикони мансабдор боз сар кардестаед!Дониста бошед,т Ирон ягона кишвари дусти мост,ин кишвар ба шиъакунии чор точики бесаводи почаканда ва камбагал эхтиёчоте надорад.Ирон бо зиёда аз якуним триллион доллар ВВП заррае бакишвари бесаводу камбагалаки мо эхтиёчоте надорад.Ягона эхтиёчу хушнудии онхо забони форсии мост!

а.j.
дуруст аст ки ихтилофи мазхби боиси кафомондаги мо мегардад ва инро бо фарханги баланди дини бояд ислох кард.ин мавзу набояд моро аз хатари таблиготи динхои бегона ки аксаран аз чониби гарбихо (амрико ва аврупо)химоят мешаванд гофилгир кунад.мисли ин ки мехоханд ба мо бо бузург нишон додани ихтилофи мазахби хатари асоси ки хамон чанги нарми(чанги фарханги) гарбихо аст бе тавачух намоянд,то мо бохам дар чузиет даргир шавему гарбихо барномахои худро рохат пиеда намоянд.

Ҷаноби Холӣ
Албатта, мо ҳам тарафдори онем, ки гурӯҳҳои дигари мазҳабӣ боиси ихтилоф дар кишвар нашаванд. Аммо сухан сари он меравад, ки агар будани шиа дар кишвар сабаби ихтилоф мебошад, пас сухани гуфтаи Саодатшоҳ нисбати Исмоилиҳо чи ҷои нигаронӣ дорад? Ин дар ҳолест, ки муфтии кишвар аз минбар чунин мавзуъҳоро руирост баён медорад. Ё ба фикри КДАМ ин исмоилиҳо аз шиъаҳо ягон фарқ доранд? Туҳмати боркардашуда болои Саодатшоҳ дар ҳоле аст, ки ҲНИТ то имрӯз 2000 пайрав ва аъзо аз Бадахшон дорад ва хусусан "исмоилиҳо" бештари онро ташкил медиҳанд. Пас ҳукумати феълӣ шарм намедорад, ки туҳматеро бор мекунад, ки акаллан дар замин рост намеояд, Войййййй бар ҳоли миллати тоҷик, ки мумкин аст баъди чанде байни маҳалҳо муноқиша мекунанд...

123
Ин муфти гайри нигарони аз шиаву салафи кори дигар надорад
Муфти нигарониат бояд аз душманони аслии ин гурухи тундрав бошад ки онхоро сармоягузори мекунанд

БИСЕР ХУБ МЕШУД АГАР САЛАФИФУРУХТАШУДАГОНРО ВАЗИФА НАДИХАНД ЧУНКИ БА ЧУМХУРИАМОН ИН ХАТАРОВАР АСТ. СУННИМАЗХАБИ АЗ БЕХТАРИН МАЗХАБХО БА ШУМОР МЕРАВАД.

ironi
Dustone azize tojik. Lutfan ba in jenobe muftiton beguyid dar Iron ahle sunnat az ferqahoye hanafi, hanbali va shofeii zendegi mikunand va to hol kasi onhoro tashviq yo majbur ba shia shudan nakarde ast, onvaqt baroye che bekhohim tojikhoro shia kunim?! che sudi dorad? sunni budane shumo che zararai baroye mo dorad ke bekhohim shia shavid?! Mo tojikhoro dust dorim va khohone khushbakhtiye hameye porsiguyon hastim va farqi nadorad ke az che mazhabi peiravi kunand. Ammo in jenobe mufti engor badeshon nemioyad miyoneye Ironiho va Tojikhoro barham bezanand!

Мадин
Муфти шуда ту аз гапхоят изо намекаши. Ин кадар ту шиамазхабон ба часпидагии. Аввал ту худат намедони ки ту ки хастиву шиа ки аст. Ту барин муфтихо зиёд шуданд, ки давлат кафо рафта истодааст. Ту агар муфти боши якбор муллохои чинбарору дигару дигараша чам куну дарс ёд дех.

Сафар
Фарк на танхо дар пахнии пойхост,фарк боз дар он аст,ки салафихо шерозаи токияшон гафс,езори танги карбоси мепушанд.

МУСЛИМ
САИДМУКАРАМ ТО ИН ГАПХ,ОРА АЛАЙХ,И КОМИЛ БЕКЗОДА ВА ПАЙРАВОНИ КИТОБИ ЧОПКАРДАИ ВАЙ ГАП ЗАНЕД НАМЕШАВАД , Ё ИН , КИ АЗ ЛАГАНД БАРДОРИ МЕМОНИ .

Хамин худаш аз кадом дину мазхаб бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)