Бахшҳо
18 апр 2014 15:12Тоҷикистон / Сиёсат

Талаби 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ аз Зоиров

Абдулло Ҳалимов, раҳбари муассисаи ислоҳии ЯТ3/1 ва Садриддин Шарифов, масъули боздоштгоҳи тафтишотии ЯТ9/1, аз Раҳматилло Зоиров -- раиси Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостаанд. Номи ин ду нафар ахиран дар баҳси хонаводаи маҳбус Маҳмадраҳим Саидов бо Раҳматилло Зоиров дар Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт садо додааст.

Раҳматилло Зоиров, раиси Консорсиюми юридикӣ, ки раҳбарии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро низ бар ӯҳда дорад, рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, бино ба хабарҳое, ки дарёфт кардааст, гӯиё Маҳмадраҳим Саидов дар утоқи ҷаримавии маҳбаси рақами 1 фавтидааст. Зоиров гуфта буд, Маҳмадраҳим зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буда, яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода ба ҳисоб меравад ва аз фаъолони ҷомеи шаҳрвандӣ хост, ин қазияро зери назорат гиранд.

Дар пайи ин, хонаводаи Маҳмадраҳим аз болои Раҳматилло Зоиров ба Додгоҳи ноҳияи Сино шикоят бурда, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва моддӣ хоста буданд. Онҳо гуфтанд, фарзандашон зиндаву саломат буда, иттилои паҳнкардаи Зоиров онҳоро нороҳат ва дар ҳолати парешонӣ гузоштааст.

Ҳоло аризаи Абдулло Ҳалимов ва Садриддин Шарифов низ аз болои раиси ҲСДТ аз сӯи вакили мудофеъ Мавлудҷон Салихов ба Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе супурда шудааст. “Зоиров бо зикри номи онҳо дар баҳси додгоҳӣ барояшон зарари маънавӣ расонд. Дар ҳоле ки Маҳмадраҳим Саидов аз Ҳалимову Шарифов ҳеч даъвою гилае надорад”,-гуфт Салихов.

Ин даъвои масъулони муассисаҳои ислоҳӣ дар ҳолест, қаблан Зоиров аз ҳардуи онҳо ва модари маҳбус Маҳмадраҳим Саидов сӣ ҳазор сомонӣ ҷуброн хоста буд. Зоиров мегӯяд, даъвои Савлат Сафолова, модари маҳбус Саидов, асос надорад ва талоши дигаре барои бадном кардани ӯст. “Паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва ғаразнок, ташкили муроҷиат ба додгоҳ нисбат ба ман давоми зиёда аз ду моҳ боз идома дорад. Ҳадаф паст задани шаъну шарафи ман, ҳамчун шаҳрванд, ҳимоятгар ва раиси ҳизби сиёсӣ аст”,-гуфт ӯ.
Мӯҳр
ЧАРО ИН МАРДИ ХАКИКАТНИГОРРО ИН КАДАР ТУХМАТ МЕКУНАНД. ЗОИРОВ ШАХСИ БОМАДАНИЯТУ БОСАВОД БУДА МУРЧАЕРО ОЗОР ДОДА НАМЕТАВОНАД БАРОИ ОН КИ МАДАНИЯТИ ХЕЛЕ БАЛАНД ДОРАД.

Авранг
Ё товба ин гуна ин мардум зур шуда,зарари маънави талаб мекунанд.Он духтари панчии "бачагашта" баъди намоиши телевизиони давлати падару модараш шарманда ва азоби сахти рухи кашиданд ва хатто овозае падид омад,ки духтарак худашро куштааст.Зарари маънавии давлат ба онхо расонидаро ки баркарор мекунад.Суд!Кадом Суд?Суди Точикистон,хахаха!Комедия!

99
"Кабк аз даҳони худаш тир мехурад", гуфтаанд.
Охир Зоиров намедонист, ки ин баҳона барои ин давлат бас аст, ки ӯро тамоман нест кунанд!?
Ин одамон бояд "сад бор чен карда як бор бояд бурранд".

ЧАСУР
Барои чи хабари дуругро Рхаматило пахн мекунаду боз хукумат гунахгор будааст. Максади пахн намудани хабари бардуруг аз тарафи Рахматило албатта паст задани шаьну шарафи кормандони макомти кударатии кишвар мебошад. Барои хамин бигзор ана хамон махбус хам аз болои ин ин фитнаандоз ба додгох мурочиат кунад зеро у хам шахсият хасту шаьну шараф дорад. Шарманда карданд миллати точикро ин мардуми ба номи мухолифи точик. Дигар кор надоранд ки доимо максадашон бадном кардани миллату давлати точикон мебошад. Тули хазорсолахо миллати точик давлати сохибмусткали худро надоштанд. Акнун ки ин миллати бофарханги точик сохиби давлат мустакили худ гаштааст нотавонбинон ва душманонаш аз дохили кишвар мардуми пастфитрату торикбинро интихоб намуда барои амали намудани максадои нопоки худ истифода бурда истодаанд. Хар нафаре ки барои ин миллату давлат хиёнат мекунаду миллати точикро дар арсаи дунё бо гапхо пучу бемантку дуругин худ паст мезанад бигзор сангсор карда шавад. БАРОИ ЧОП СИПОСГУЗОРАМ...

ЧАСУР,
sad foiz durust gufti jasur.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)