Бахшҳо

Баҳси ҳузури сарояндаи нимаурён дар манзили намояндаи Эрон дар Қоҳира

Ҳузури Алба Клерд, сарояндаи мисрӣ дар манзили намояндаи Эрон дар Қоҳира, ки дар ҷашни Наврӯз сурат гирифтааст, баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён гузоштааст. Аксари корбарон аз иштироки як хонуми сароянда, бахусус, ба мисли Клерд дар дафтари намояндагии як кишвари исломӣ ба шиддат интиқод кардаанд.

Худи сароянда дар шарҳи аксҳояш бо Муҷтаба Амонӣ, раиси дафтари ҳифзи манофеи Эрон дар Қоҳира, гуфтааст, ин аксҳо дар ҷашни наврӯзии имсола гирифта шудаанд. Ба гуфтаи сароянда, ӯ бо даъвати махсуси Муҷтаба Амонӣ дар ҷашни наврӯзии ӯ дар Қоҳира дипломатҳои Теҳронро ҳамроҳӣ дошт.

Хонум Клерд сарояндаест, ки баъд аз хондани таронаҳо бо лаҳҷаи мисрӣ ва баромадан ба саҳна бо либосҳои нимаурён “шуҳрат” пайдо кардааст. Аксари расонаҳои мисрӣ аз ӯ “туркнажоду эронитабор” ном мебаранду, ба гуфтаи онҳо, ҳоло ин хонум шаҳрвандии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дорад ва бо лаҳҷаи мисрӣ суруд мехонад.
Мӯҳр
Ин хабар дурӯғи маҳз аст, мо шоҳид онем, ки имсол ҷашни Наврӯз дар меҳмонхонаи Гранд Товер дар Қоҳира аз ҷониби 7 сафоратхона, аз ҷумла сафорати Эрон ташкил карда шуд ва ҳеҷ сарояндае ба он даъват нашудааст.
сафири эронӣ дар Миср оқои Муҷтабо Амонӣ марди пок ва тақводор аст ва ҳаргиз ба чунин як кор иқдом наметавонад кунад.

Ба чунин як рузномаи муътабар мисли "Озодагон" намесазад, ки хабархои беасос ва гаразнокро дар сафхаи худ чой бидихад, хусусан ки ин гуна хабари игвоангез ба инсоне аз кишвари ба дуст ва бародар тааллук дорад, ба кишваре, ки ба мо кумакхои зиёд карда истодааст.
Мо аз Миср менависем ва хуб медонем, ки дар Навруз чунин як хол рух надодааст. Нависандаи ин хабар бояд аз сафири эрони ва эронихо узр пурсад.

Шамсулло рост мегуяд. "Озодагон" бояд суннатхои дустии мо бо Эронро на танхо пос дорад, балки зиёда аз он азиз дорад. нашри ин хел хабархои дуругин ва тухматхо обруи рузномаро мерезад.

мо аз Миср менависем. аз "Озодагон" хохишмадем ин хабари дуругро аз сафхаи худ бардорад, ба хотири дустии ин ду кишвар ва зарба задан ба бадбинони ин дусти!

Доктор Озоди
Бародарони азизи мисри шумо намедонед,ки имруз дар мо чи рафта истодааст.Имруз пантуркистон дар Точикистон худро шоху табъашонро вазир мепиндоранд.Гумон мекуни,ки ин давлату хукумати турки бошад.Хамаро пойбанди худ карор дода хама ба таърифу таргиби турки гузаро Абдулло Гулен машгул хастанд.Имруз литсейхои турки(душманони молу чону давлати точикон дар хама давру замонхо)ба шарофати туркхои мансабдор озодона ва аламовараш он аст,ки бо пули худи точикон фаъолият дошта,таргибгари фарханги туркхо астанд.Имруз хадамотхои чосусии Туркия,Гузбакистон ва ЦРУ тарики масчидхо бар зидди Ирон ва фарханги ирони кушоду равшан дар муборизаанд.Хамчунин 2 сол боз бо айби пантуркистхои пинхонии хукумат тачхизотхои телевизионии байналмилалии порсизабонон дар аеропрти Душанбе маън карда шудаанд.Ба назар чунин мерасад,ки аллакай туркхо худро дар хонаи худ мехисобанд.Лекин вокеъият дигар хеч гох ба давраи соли 1924 ва пантуркисми он солхо бар нахохад гашт.Точикон дар як замон ба ин гуруххои пантуркисти зарбаи мухлики худро хоханд зад.Кор то он дарача аз чониби пантуркистон бугранг гардонида шудааст,чанд мох боз Ирон дар Душанбе сафир надорад.Хатто дар матбуоти турки тайи чанд сол боз маколахо чоп карда туркон даъво доранд,ки номи кишвари мо арзандаи Точикистон нест чун он туркист ва он бояд Туркистон бошад.Лекин онхо хато мекунанд точик бедор хохад буд ва дар лахзаи сарнавиштсоз ба пантуркисм ва ва тарафдрони онхо"турк-точикхо" зарбаи марговар хохад зад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)