Бахшҳо

Назари Шумо: Иллати рушд надоштани Тоҷикистон чист?

Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон пайваста дар бораи рушди иқтисодӣ дар кишвар сӯҳбат мекунанд, вале таҳлилгарони мустақил онро ночиз медонанд. Ҳоло назари бархе аз мусоҳибонамонро дар ин марвид нашр карда, аз Шумо ҳам мехоҳем, ба ин баҳс шарик шавед ва назару пешниҳодҳои худро барои рушди иқтисоди Тоҷикистон бигӯед.

Домуллоҷон ҶАББОРОВ, вакили парлумон:
“Ман ба ин ин фикр розӣ нестам, ки гӯиё Тоҷикистон рушди иқтисодӣ надорад. Мо ҳамасола аз рӯи ММД-и кишвар яке аз давлатҳое ҳастем, ки ҳамавақт бо фоизи мусбат тараққӣ мекунем. Ин имконият медиҳад, Тоҷикистон мунтазам рушд биёбад. Дигар фактор ҳамин аст, ки дар буҳрони молии ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо як миқдори ками хисорот аз ин бӯҳрон баромад. Яке аз фактори дигар ин қарзи берунаи кишвар аст, ки он 29 дарсади ММД аст. Ин ҳам яке аз нишондоде мебошад, ки Тоҷикистон дар роҳи дурусти тараққиёти иқтисодӣ ҳаракат дорад.”

Муним ҲАСАНОВ, таҳлилгари масоили иқтисодӣ:
“Рушди иқтисодӣ ҳамон вақте метавон гуфт, ки он ба сатҳи иҷтимоии мардум таъсир расонда тавонад. Он рушди иқтисоде, ки сатҳу сифати зиндагии мардумро иваз карда наметавонад, чӣ лозим? На ҳама вақт рушди иқтисодӣ таъсир ба сатҳи зиндагӣ мерасонад. Ман инро борҳо дар таҳлилҳои иқтисодии худам ишора кардам, ки рушди иқтисодӣ ин воситаест, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолист.”

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, журналист:
“Сабаби аслӣ ин аст, ки умуман дар бораи рушди иқтисод дар кишвари мо касе фикр намекунад. Чанде пеш як баҳсро дар шабакаи “РБК” дидам. Онҷо коршиносони русӣ бар ин назаранд, ки Тоҷикистон дар масъалаи рушди иқтисод, на бар нафъи давлат, балки бар нафъи мансабдорон аст. Ба гуфтаи он коршиносони рус дар Тоҷикистон барномаҳои иқтисодие пиёда мешаванд, ки он бар нафъи гуруҳҳои мушаххас аст. Назари ман ин аст, дар Тоҷикистон кадрҳое, ки воқеан дониши хуб дошта бошанд, нестанд ва ё ҳастанду дар мақомот кор намекунанд. Мисол меорем аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ, онҳо барои рушд бояд кумак кунанд, вале инҷо корхонаҳое сохта мешавад, ки аз фаъолият боз мемонанд. Албатта, дар ин маврид минтақаи озоди Суғд истисно аст. Барои мисол дар ҷашни Наврӯз аз минтақаи озоди Данғара гузориш доданд ва гуфтанд, ки онҷо корхонаи истеҳсолии маводи шустушӯӣ ба кор шуруъ кард. Ман баъд аз Наврӯз ба он корхона рафтам, он кор намекард. Ба ман гуфтанд, ки он рӯз истироҳат аст, ҳарчанд рӯзи истироҳатии тақвимӣ набуд. Бо намояндааш суҳбат кардам ва ӯ бароям гуфт, ин корхонаи муштарак бо эрониҳо нест. Ҳарчанд дар гузориши расмӣ хабар доданд, ки он муштарак аст. Ин гуна мисолҳо зиёд аст. Корхонаҳоеро мекушоянд, ки он истеҳсол намекунад, ҳамон маводи эълонкардаро аз хориҷ меоранд ва бидуни молиёт.”
Мӯҳр
Рахмат
Сабабаш дар сиёсати нодурусти кадрии хукумати махаллии гайриточикист.

Вайс
https://www.ozodagon.com/15837-tasmimi-oonsii-ziddi-fasodi-mol-ba-nafi-ukumat-nes

t.html
Мархамат, хонед ва хулоса бароред. ана ин аст сабаби рушд накардани иктисодиёти Точикистон.

Вакили парлумоне, ки намедонад вазъи ичтимоии кишварро аз руи чи муайян кардан зарур аст вой бар холи у. Аввалин ва соддатаринаш чунин аст. Даромади мохонаи шахс агар 100% бошад аз он агар 30%-аш дар як мош масраф шавад ва 70% аш дар бучаи оила гузошта шавад дар ин холат рушди мутаносиб гуфтам мумкин аст. Акнун Шумо худ муайян кунед дар кадом сатх карор дорад ?

Рушд хаст, нест гуфта наметавонем, чихеле, ки депутати мухтарами Мачлиси Оли Чаборов кайд карданд рушд хаст, лекин савол бар он меояд, ки имруза сиёсати гузошта шуда яъне масъуолоне, ки имруз вазифаро гирифтану бояд вазифаи чониашон барои ватани азизамон Точикистон катрае бошад барои рушдаш сахми худро гузоранд умуман корбари карда нашуда истодааст. Мисоли равшан логично фикр кунем Чабборов хамчун депутат аз шахри Хучанд бояд манфиати шахрро химоя кунад, ин ягон махалчиги нест лекин в споре рождается истина, ман хамчун ягонбор нашудиаам, ки Чабборов бо сокинони шахр вохурдасу масъалахое, ки он сатхи миллиро металабад рафта бошаду лоббировать када хал карда бошад, имруз хама карах намефахмад, лекин охиста охиста хама а хоби ноз хезтост таърих гувох мешад ва ба авлоди Чабборов сахтихо меояд зеро, ки вазифая бар душ гирифтан баъд бояд тибки ваколат корбари намуд.
Барои чи Точикистони азизамон рушдаш суст, барои он, ки то хол кадрхои идеологический зомби шудаги советский союз дар вазифахои баланд, на худаш кор мекунаду на дигарова мемонад кор кардан, кору бор факат икво ягон корхои практики нест ана барои хамин Точикистон рушд намеёбад, кайки аз боло лидерои энергичный, сер, босаводи ёш мешавад баъд рушд мекунад, иншооллох мешавад ва хамаи мухочирони точикки имруз бисёриашон потенциали калон доранд мебиёян ба ватани худ хизмат мекунанд. иншоолох хамаш нагз мешавад.

99
Сабабҳои асосии рушт накардани иқтисодиёти кишвари мо ба ду қисми асосӣ ҷудо мешаванд: Дохилӣ ва берунӣ. Дохилиҳояш инҳоянд:
Аввал, аз "пушти панҷара назар кардан"-и давлатдорони мо ба тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимм.
Дуввум, бесаводӣ, бемасъулиятӣ, мутахассис набудан ва надонистани касбу кори худ аз тарафи аксари роҳбарон, ки ба натавонистани таҳлили дурусти кор ва тартиб додани программаи соҳавии рушд дар корхонаю муассисаҳо сабаб мегардад.
Саввум, Маҳалгароӣ, хешутаборгароӣ, миллатчигӣ.
Чаҳорум, коррупсия
Панҷум, аз ҳад зиёд авҷ гирифтани зулм ба мардуми кишвар, шиканҷа.
Шашум, набудани фазои озоди иқтисодӣ дар кишвар, ба офшор рафтани маблағ.
Панҷум, Мустақил набудани роҳбарон, ҳатто давлат.
Сабабҳои берунӣ: Набудани истиқлолияти комил. Дипломатияи суст. Набудани роҳҳои алтернативӣ ва бастани роҳҳои оҳан аз тарафи ҳамсоя. Ноором будан ва рушт надоштани ҳамсоягон. Муҳоҷирати корӣ ва берун рафтани мутахассисон аз кишвар. Ва садҳои дигару дигар...

Dev
Sababi az hama asosi sijosati nodurusti kadri.Dar vaziyate,ki holo mo dorem hazor zavodu fabrik sozem ham on ba davlat zarrae foida nameorad, agar loakal kame foida orad ham ba jajbu ba komi nahangoni meravad.Janobi Rahmonro hub mebud az heshu tabor dast kashad, agar hohad,ki nasli oyand nomi uro ba neki ba ed orand.

Донишчу
Аслан хангоме, ки сухан дар бораи рушди иктисод меравад афсус мехурам, ки хама оморхои расмии Точикистон дуруг мегуянд ин хама зарар ба мардум аст. Агар президент дар хакикат хам дилсузи мардум бошад як 3-4 сола корхонаву муассисахои истехсолию хизматрасонии худаш лента буридаро тафтиш кунад, баъд огох мешавад ки ин хамааш ба чашм хок пошидан аст. То ба кай дар ин низоми шахшудаи иктисоди карор мегирем номаълум аст. Вакили парлумон назари хатто дорад афсус дар бобати рушд чаноби вакил танхо такя ба омор мекунад. Гуфтааст, ки 29% ММД карзи беруни хасту ин токатфарсо, аниктараш 29% не атрофи 39-40% аст чаноби вакил. Дигар тарафи масъала ин шуглварзии ахоли аст, ки дар омор 4% бекорон хаст мегуянд аммо дар хакикат ин ракамхо каратхоро мегузарад. Рушди бемайлони иктисоди дар хуччат вучуд дорад аммо дар вокеъ не. Сабади истеъмолии мардум холо ба меёри миёна баробар нашудаас, бинобарин аз рушд гап задан бемантикист. боз агар бо хамин раванд ришваситониву шиносбози махалчигиву хешбози давом кунад Точикистон зиндагии осоиштаи иктисодиро дар хоб мебинад.

Як чахон ташаккур барои назархоятон хамватанони азиз!!! Шукрона кунед!!!

шаҳрванд
бо арзи салом ман фикри шахсии худамро баён хоҳамкард
1 дастгири накардани соҳибкорон
2 маҳдуд кардани соҳибкорон
3мушкилии налог ва патент ва амсоли инҳо
4кафолат надодан аз тарафи ҳукумат ва ғайраҳо

Ватандӯст
Ба ин савол 7 сол пеш шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, ки фардо ба даргузашташон 5 сол пур мешавад, чавоби пурра дода буданд. Эшон яке аз иллатҳои рушд накардан, яъне дақиқтараш, ба гуфтаи худашон сабабҳои ақибмондагии Тоҷикистонро дар бадҳукуматӣ дониста буданд. Лутфан, бо ин мақола, ки дар торнамои "Тоҷикам" чоп шудааст, ошно шавед ва ба рӯҳи поки ин бузургмард дуо кунед.
https://www.tajikam.com/tajik/index.php?option=com_content&view=article&id=151:20

13-04-21-17-57-38&catid=6:2012-02-06-07-19-05&Itemid=5

ХАЁТДА ТОЧИКИСТОН РУШД НАМЕКУНАД БА ЧУНИН ДУРУГУ ФАССОДУ ХЕШУТАБОРИ!

Dar Tojikiston rushd nest va metavon onro 'Torikiston' guftan. ba guftai vakili parlumon Jabborov ki rushd hast, ana hamin guna vakilon problemahoi Tojikistona hal mekunand ki Tojikistona Torikiston guftan mumkin ast. Avvalash in ki MMD-ii kishvar az tarafi muhojiron ki on 50%-ro tashkil mekunad, tamin karda meshavad. Va duvumash in ki granthoi tashkilothoi bainalmilli az 15-20% tashkil mekunand. Va un 29%-e ki garzi beruna hast u qarz ast va u bo alomati manfi dar bujai davlat ifoda meshavad. Pas chi tur in domullo metavonad guftan ki tojikiston rushd mekunad agar MMD-i Tojikiston dar xudi Tojikiston aqalan 50%-az ham ba vujud namebiyoyad.
Sababi rushd nakardani Tojikiston in az besavodi ast. Rushdi jomea dar savodnokii millat ast va javhari peshravi ast. Lekin man itminoni komil doram ki dar mudati 20 sol ustodoni bolayoqat va bosavod beshtarashon ba Rusiya va bazeashon dar bozor savdo mekunand, chinki bo 500 somoni yak hafta ham ruz guzaronida nameshavad. Agar ba nohiyaho safar kuned mebined ki dar maktabho muallim nest yo namerasad. Kudakhoi davrai istiqloliyat savolhoi oditarinro namedonand. va dar hukunat agar 1% savod dorad un ham dar yak kunj shishtaqiyu gap zada nametavonad

Сурат чавобгуи пеш нарафтани Точикистон аст. Модари точик дар ватан аз субх то шом дасташ дар обу хоки хунук бошаду шиками гурусна, магар генафонди миллат солим мемонад. Ба кавле "ашрофзодагон" дар касрхо нишаста,ахволи зани точикро чй медонанд. Онхоро таъриф куну бас. Кисапулӣ (потребительская корзина)-и тоҷик маблагест, ки аз гуруснагй намурад. Ради вжывание. Озодагон, чаро чунин макола ва комментарияхои фачро чоп мекунй.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)