Бахшҳо

Қатли Маҳмадкарим, муҳоҷири 32-солаи тоҷик, дар Маскав (АКСУ ВИДЕО)

Маҳмадкарим Ҷалилов, муҳоҷири 32-солаи тоҷик, аз сӯи миллатгароёни рус дар яке аз навоҳии шаҳри Маскав ба таври ваҳшиёна кушта шудааст. Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик, мегӯяд, ин ҳодисаи дувум танҳо дар се рӯзи охир дар Маскав аст, ки нисбат ба муҳоҷирони тоҷик раво мебинанд.

Қурбонбек Ҷалилов, падари марҳум рӯзи 19 апрел бо тасдиқи ин хабар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш шоми дирӯз аз сӯи миллатгароёни рус дар ноҳияи Богородский, наздики метрои “Подбельский”, ба қатл расидааст. Ӯ мегӯяд, “Маҳмадкарим дар роҳ ба сӯи манзили зистамон ҳангоми бозгашт аз мағоза, ки барои харидани маводи ғизоӣ рафта буд, бо миллатгароён рӯбарӯ шудааст”.

ВИДЕО АЗ ЮТУБ:



Қатли Маҳмадкарим, муҳоҷири 32-солаи тоҷик, дар Маскав (АКСУ ВИДЕО)Ҷалилов мегӯяд, Иттиҳоди ҷавонони тоҷик барояш як андоза кумак карда, омодагияшон барои интиқоли тобути Маҳмадкаримро изҳор доштаанд. “Аз сафорат касе наомад, вале чанд бор занг заданд ва ҳатто як рақам ҳам доданд, ки бо он нафар тамос гираму ӯ гӯиё барои 50% поин бурдани хароҷоти интиқоли ҷасади Маҳмадкарим ба ватан кумак мекардааст”,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Қурбонбек, Маҳмадкарим тӯли беш аз се сол аст, дар Русия аз пайи дарёфти рисқу рӯзии фарзандонаш буда, тайи як ҳафтаи охир ҳамроҳ бо падараш фаъолият доштааст. Маҳмадкарим Ҷалилов сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, се фарзандаш ятим мондааст.
Мӯҳр
Сабох
Рухаш шоду хонаи охираташ обод бод.

99
Илоҳо, аз раҳмати Худо бархурдор бошад.
Бо ҳамин рафтори қотилони рус, ки боз аксарияти мардуми мо онҳоро "дӯст" мешуморанд ва ба шаҳрвандии ин кишвари пур аз ҷиноят мешитобанд, гуфтанӣ ҳастам, ки бародарон андеша кунед ва ҳушёр бошед! Дониста бошед, ки ин қотилонро худи путин бо мафияаш дастгирӣ мекунад ва ҳамин "сабукиҳо дар масъалаи шаҳрвандӣ" низ ҳилаи ҳамин аст.

имигрант
Худованд рахматаш кунад ва чояшро Чаннат кунад!Омин.
Бародарону хохарони "имигрант" мухочир аз шумо эхтиромона хохиш дорам то дар хаки ин бародаре, ки сафари охират дорад дуои хайр кунед ва Намозхоятонро сари вакт хонед!!!
Ташакури зиёд мухтарам Иззат Амон ва сафорати Точикистон хизматро дар мардум софдилона кунед ИншоАллох, баракти ду дунёро мебинед! Ташакури зиёд ба шумохам коркунони сайти "Озодагон" барои халку миллат хизмати софдилона карданатон боки хамаги саломат бошед!

бовар кунед гуфтам камент нанависам барои он ки омухта шудаем дар мухочират ва одат кардаем ки бояд моро кушанд Худо рахматаш кунад

Точикак
хуни хамин марди гариб дар гардани кист? Ки бояд чавоб гуяд ба ин ходисаву садхову хазорхо дигар? шукрона кунем?

abdullo
inoliLLOH va inoilaihi rojiun hudovand in barodarro rahmat kunadu ba ahli oilaash sabri jamil ato bifarmoyad. tojik dar tjk sohib nadorad holo kujo dar gharibi

Чеҳраи воқеъии Россия дар ҳамин гуна падидаҳо намоен мегардад. Худро ҳамчун муборизи асосӣ бар зидди фашизм вонамуд карда ба Украина дахолат мекунаду, аммо дар заминаш фашистон бе ягон монеа фаъолият мекунанд.

ТОЧИК
Мархамат посух ба хуввиятгумкардагоне, ки халки русро аз мардуми худашон зиёдтар дуст медоранд ва дар хар кучо, ки интикод аз чинояткорон ва фашистони рус карда шавад, онхо бо дахони пур дифоъ аз чунин котилон мекунанд. Баъзеашон шарм надошта ифтихор доранд, ки тарзи зистанро халки рус ба мо омузонд ва бояд аз онхо ташаккур бикунем. Хамзамон мехохам ёдовар шавам, ки имруз халки рус катлу кушторро ба мардуми чахон омузонда истодааст! Агар дар Точикистон хамин бархурд бо мардуми рус шавад, расонахо, мардум ва хатто хукумати Русиёх заминро ба осмон бурда мечаспонанд. Хеле мехохам Амрико ин кишвари фасиштиро зада тору мор кунад. Худоё, Махмадкарими - бародари чавонмарг ва шахиди моро шоистаи чаннат бигардон ва котилону сарварони он котилонро ба вазнинтарин азобхои дунявию ухрави гирифтор намо ва точикони гурургумкардаро чашми бино ато кун, то душманро аз дуст фарк карда тавонанд. Омин

Бинед, харчанд чустучу кардам, аз ягон расонаи хабари-интернетии рус ин хабарро пайдо накардам. Дар чунин казияхо ВАО-и рус бар лаб кулух молида хомуш меистад. Дар лаънати Хак гирифтор шавед котилон!
Озодагон, чоп накуни хафа мешавам.

Руссия давлати фашисти аст, дуруга ба Украина мечаспад. Бубинед Жириновскиро , руи рост дигар халкро паст мезанад, ягон кораш намекунанд

Baroi tamomi muhojironi dar Russiya favtida boyad kharojoti roh to vatan bepul boshad,zero mahs onho du barobar bujjai in davlat,ki az puli onho mersu infiniti mekharand,tashkil menamoyandu taъmin mekunand.....az on masjigi jahoni,ki dar poytakht mesozand mavhume nest,vakte,ki hamvatani mo dar russiya bekafan mondaast....sharmandagi!!! On Dostievu digaron dar on jo kamtar ba haqi bechora ham nigohe doshta boshand...

Ватандуст
Агар як русзабон дар точикистон хамин хел мешуд россия дунёро ба сараш мебардошт.хамаи моро терорист мебаровард.

Ана хамин дарс Аст ба хамаи онхое,Ки мехоханд дар хайати русия бошанд. Эхтиёт бош эй мардуми точики Ман. Холо Ки дар хайати онхо нестем бинед чи гуна рафтори вахшиёна карда истодаанд.

Афсус, ки ин холат холо хам давом дорад. Баьд аз ин кадар гузаштхо...

Худованд охирататро обод гардонад бародар!!!

мухочир аз русия
БОРИЛОХО ИН БАРОДАРО ТАРИКИ РАХМАТ ШОХИСТАЙ ЧАНАТ ГАРДОН ПАДАРУ МОДАРАША САБРИ ЧАМИЛ АТОКУН ИН БАРОДАР ИЗАТАМОН КУМАК КАРДАСТ ХУДОВАНД ХАЙРАШ ГАРДОННАД САФИ ИНХЕЛ ЧАВОНМАРДОНРО ЗИЁД ГАРДОНАД КИ ДАР ФИКРИ МИЛАТ БОШАНД НА факат дар фикри мансаб на дар фикри илтимос озодагон ба нашр расон дарди дили хаватаната илтимос

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)