Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Сармураббии дастаи «Истиқлол» сарварии тими миллии кишварро ба зимма гирифт

20 август 2011, 04:00

Олимҷон Рафиков, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон интихоб гардид.


Тавре Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, пас аз бохти дастаи мунтахаби кишварамон дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2004 аз дастаи Сурия бо ҳисоби 1 бар 2 дар давлати Ӯрдун ва сабқати дуюм, ки дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода доир гашта буд, бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст хӯрд, аз ҳамин сабаб тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон -2014 роҳхат нагирифт.

Манбаъ афзуд, бо ин сабаб Пӯлод Қодиров, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон ба истеъфо рафт ва тими миллӣ то ин муддат сармуррабӣ надошт. Ахиран, ФИФА  қарор баровард, ки дастаи мунтахаби Сурия аз ширкат дар даври сеюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014, ки дар Бразилия доир мегардад, маҳрум гашт ва натоиҷи ҳарду бозиаш бо тими миллии Тоҷикистон, ки моҳи июли соли равон баргузор шуда буд, лағв гардид. Бо қарори ФИФА дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои интихоби Ҷоми ҷаҳон- 2014 баромад мекунад.

Шералӣ Давлатов гуфт, аз ин лиҳоз кумитаи иҷроияи федератсияи футболи мамлакат қарор қабул кард , ки сарварии мунтахаби Тоҷикистонро Олимҷон Рафиков ба ӯҳда бигирад ва то оғози бозиҳо бозингаронро интихоб намуда барои иштирок намудан омодагӣ бигиранд. Номбурда афзуд, Бар асоси қарори ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар марҳалаи сеюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар гурӯҳи “С” Сурияро иваз карда, бо тимҳои Ҷопон, Куриёи Шимолӣ ва Ӯзбакистон рақобат хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки бозиҳои гурӯҳӣ аз 2-юми сентябри соли 2011-ум то 29-уми феврали соли 2012-ум доир хоҳанд шуд.  {jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!