Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:32

Фарҳанги ватандорӣ

12 май 2011, 11:30

Дар китоби "Фарҳанги забони тоҷикӣ" омадааст: "Фарҳанг - ақл ва адаб; дониш, илм, маърифат. Фарҳангӣ - доно, хирадманд, донишманд". Ҳамаи ин сифатҳо, ҳеч вақт ва дар ҳеч ҷо, ба фарзанди Инсон осон ва ройгон дода нашудааст. Балки бо заҳмат, бо омӯзиш, бо пажӯҳиш ва бо таҷриба ба даст меояд. Роҳи дигаре надорад. Ба он сабаб, ки дар дунё ҳама чизҳойи бутун аз пораҳо мураттаб шудаанд, - об қатра-қатра дар баҳр, ғалла - дона-дона дар анбор, дониш - андак-андак дар китоб ва фарҳанг - қабат-қабат дар рӯзгор, ки дар яклухтӣ таърих ном дорад.

 


Аҳмади порина ҳиҷолат мекашид, Аҳмади имрӯз фахр мекунад

Дар ҳар як давру замон, ҳар як насли Инсон, аз таҷрибаи рӯзгор ва аз асару ибрате, ки бузургони илму амал боқӣ гузоштаанд, чизе ёд мегиранд ва чизе меафзоянд ва ҷамъулҷамъм мешавад як раҳу равиши донишу биниш, ки фарҳанг мегӯянд ва ҳамин фарҳанг бозтоби ину он халқ ва ину он давлат ва мақому ҷойгоҳаш дар тамаддуни башар аст. Ҷойгоҳи фарҳанги тоҷик дар тамаддуни башар дар пояҳои хеле баланд меистад ва мақоми волойи онро олимону китобхонҳои Шарқу Ғарб эътироф ва ташвиқу тарғиб кардаанд, ки ҷойи баҳс надорад. Аммо ҷойи баҳс аст, ки имрӯз, ҳамин ҳоло, мо аз он фарҳанги ҷаҳонгир то чӣ андоза воқиф ҳастем ва то чӣ андоза дар рӯзгорамон аз он сарват баҳра мебардорем ва бино ба шарту шароити асри бисту як, ба он анбори пургуҳар чӣ метавонем зам бикунем?!

Фарҳангиёни дирӯза ва фарҳангиёни имрӯзаро дар тарозу бимонему баркашем, паллаи имрӯзиён аз паллаи дирӯзиён хеле ва хеле сабук мебарояд. Аҳмад Махдуми Дониш дар сафаре бо ҳамроҳе аспсавор мерафт. Ҳамроҳаш соате аз киса баровард ва ба дасти ӯдод, ки "бинед, чӣ нақсе дорад, ки намегардад". Вай соатро гирифт, хост ғилофашро бикшояд ва дарунашро бубинад, ки нақс дар куҷост. Тасодуфан соат аз дасташ афтид, зад ба замин ва шикаст. Аҳмад тамоми умр хиҷолат мекашид, ки "заб кори нодурусте кардам!". Аҳмади имрӯза заводи яхдонро ғасб кард, асбобу анҷомашро шикаст, пораву порчаашро фурӯхт, вале хиҷолате накашид. Фахр мекунад, ки "сарвати муфте ёфтам!".

Аҳмади порина кореро, ки натавонад, ба ӯҳда намегирифт, ки "ман тартиби ин корро намедонам, ягон одами медонистагӣ бикунад!". Аҳмади имрӯза восита меёбад ва ришва медиҳад, ки фалон амалеро соҳиб шавад, чунки ба фаҳмиши вай "агар мансаб надошта бошӣ, касе саломатро алайк намегирад". Тафовут аён аст, ки аз куҷо то ба куҷост! Аз он замон то ба ин даврон масъулият, ки як ҷузъи умдаи фарҳанг аст, комилтар нашудааст, балки костатар шудааст, ки рӯзгори ҷомеаро сӯи ободӣ намебарад.

Дар аввал, рӯҳияи мардуми мо рӯҳияи фарҳангандӯзӣ буд. Падидаҳои фарҳангиро пос медоштанд, ғун меоварданд, ҳифз мекарданд, зам менамуданд, истифода мебурданд ва баҳра мебардоштанд. Ба чор унсури ҳаёт миуомилаи оқилона доштанд. Кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва тиббу табобат ба забону адабиёт сайқал меёфт, асбобаш беҳтар аз пештар мешуд. Олимону адибони шӯҳратёр дар ҳамин замина таълиму тарбият мегирифтанд ва ба камол мерасиданд ва фарҳангро ғанӣ мегардониданд. То вақте, ки заминаи дониш ҳамвору устувор буд ва фарқи донову нодонро мешинохтанд, фарҳанг рушд мекард ва масъулият арзиши ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошт.

Бо бадон бад бош, бо некон накӯ

Рушди фарҳанг ва арзишу қадри масъулият низоми рӯзгор ва муомила ва давлатдориро муайяну таъмин мекард. Низоми сиёсиву иҷтимоӣ, ки таъмин буд, ҳифзи сарвату сарҳад мағз андар мағзи мардумро фаро мегирифт ва ҷонбозиҳо мекарданд, ки "ватан ба душман надиҳанд". Баъдҳо ҳамин рӯҳия шикаст. Як бор не, чандин бор пайдарҳам шикаст. Як бор дар замони истилои Искандари Мақдунӣ шикаст. Бори дигар арабҳо забт карданду шикастанд. Дафъаи сеюм, муғулҳо омаданд ва "шикастанду сӯхтанду бурданд". Ҳамаи ин шикастҳо рост аст.

Ҳуҷҷат ва ҳақиқати таърих аст. Аммо ҳамаи ҳақиқат нест, нисфи ҳақиқат аст. Мо ҳамин нисфи ҳақиқатро медонем ва мегӯем ва менолем, ки ҳар балое ба сарамон омадааст, аз ҳуҷуму истило ва ғорати бегонагон будааст ва агар он бегонагон омада, таллаву тороҷ намекардаанд, мо ҳолу аъмоли беҳтаре ва рӯзгору маданияти осудаву хуштаре медоштаем. Вале нисфи дигарашро кам медонем ва кам мегӯем ва кам менолем, ки худамон ба ҳуҷуми бегонаҳо чӣ ҷавобе додем ва сабаб дар чиву кӣ будааст, ки онҳо аз берун омаданд ва заданду гирифтанду бурданд, на аз дарун роҳи онҳоро набастем ва ақиб нишастему молу мулк додему мутеъ шудему муросо кардем.

Ҷавоби сабаб ҳамон вақт пайдо мешавад, ки ин ду нисфи ҳақиқатро паҳлӯ ба паҳлӯ бимонем ва холисона таҳқиқу таҳлил бикунем. Фақат дар ҳамон сурат муайян ва собит мешавад, ки "айб дар ош аст ё дар мош". Айбро дар гардани душман партофтан осон, ба гардани худ гирифтан душвор. Муроду мақсади душман задан, гирифтан ва асиру тобеъ гардонидан. Ба вай насиҳат кардан, ки "кори хуб намекунед, шумо ҷоҳилу хунхоред", таъсир надорад ва шасти ӯро намегардонад ва халосӣ намеоварад. Ба вай ба забони худаш гап задан даркор, задан, баргардонидан ва мағлуб кардан, то ки бало аз сар дафъ бишавад ва халосӣ таъмин бигардад.

Дар омади гап, дар ҷаҳон давлату миллате нест, ки ҳадафи ҳуҷуми давлату миллати ғайр нашуда бошад. Дар чунин муҳорибаҳо миллат ва давлате, ки фарҳангӣ ватандорӣ ва масъулияти миллиашон қавӣ будааст, ба душман шикаст додаанд ва яклухтии милливу марзу бумашонро нигоҳ доштаанд. Агар шикаст хӯрдаанд, ба асорат ва мутеъӣ тан надодаанд ва пайту маврид ёфта, боз ба мубориза бархостаанд ва истилогарро пеш кардаанд ва аз асорат растаанд. Агар фарҳанги ватандорӣ ва ҳиммату ғайрати миллиашон суст будааст, марзу бумашонро бой додаанд в асиру нотавон шудаанд ва ба итоату ибодат хӯ гирифтаанд ва ё тамоман несту нобуд шудаанд.

Пароканда лашкар наёяд ба кор…

Шикасти якум, шикасти иқтидори ҳарбӣ ва шикасти низоми давлатдорӣ буд, ки оқибатҳои баде ба бунёди фарҳанг ва фарҳангиёни мулк дошт. Лашкар пароканда шуд, паёмади он сиёсати асили давлатдорӣ аз байн рафт. Сипаҳсолорон ба нифоқ гирифтор гардиданд, сиёсатмадорон ба хиёнату ҷиноят даст заданд. Ёдгориҳойи таърихӣ ва меъморӣ ва адабӣ ва мазҳабиро душмани ғолиб хароб карду сӯзонду ба ғорат бурду пояи бинойи фарҳангро суст кард ва фарҳангиён асир афтоданд, ё фирор карданд ва ё ба музофот рафтанд. Аммо рӯҳи фарҳангии мардум нашикаст. Солим боқӣ монд. Асорати рӯҳиро нигоҳ доштанд ва дар ҳавзаҳойи гуногун ривоҷ доданд.

Ба мурури замон, бо заҳмати орифон, дар тӯли асрҳойи минбаъда, он фарҳанги миллӣ ва ору номуси ватандорӣ, ки ҷисман нобуд карда буданд, рӯҳан вуҷуд дошт ва гоҳ дар ин ҳавза, гоҳе дар он ҳавза қувват мегирифт ва дар хидмати мардум буд. Мардони мард алайҳи истилогар мубориза мебурданд, сар ба дор медоданд, боз бармехостанд ва боз дар муқовимат меистоданд. Олимону орифон донишро гирд меоварданд, ба дониш дониш зам мекарданд ва чароғи фарҳангро фурӯзон нигоҳ медоштанд. Фарҳанги мардумӣ ва фарҳанги миллӣ ва фарҳанги ватандориву ватандӯстӣ зинда ва дар амал буд. Ба асорату итоат тан надода буданд мардум.

Шикасти дуввум, дар вақте рух дод, ки ҷароҳатҳойи шикасти аввал ҳанӯз комилан шифо наёфта буд, лашкар дар парокандагӣ, давлат дар марказгурезӣ ва мардум дар парешонӣ. Мулк ва майдони муқовимат ва ҳарбу зарб шаҳаншоҳ надошт. Шаҳони ҷудогонае дар ҳар гӯша дошт, ки ҳангоми ҷангу ҷӯш ба мадади якдигар намеомаданд. Балки худхоҳиву хусумати яке ба дигаре дари муттаҳидиро ба рӯяшон мебаст ва дасти душманро мекушод ва фарҳанги мулкдорӣ, ҳам аз ҷиҳати миллӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, ба маротиб танг шуда буд. Сарлашкарон дар ҷангҳои рӯёрӯ маҳорати ҳарбӣ нишон медоданд, ҷоннисориҳойи фавқулодда мекарданд, вале комёб намешуданд ва оқибат мағлуб мегардиданд, чунки ситоди ягона надоштанд ва аз як гиребон сар намебароварданд ва душман онҳоро алоҳида-алоҳида саркӯб мекард. Ба осонӣ саркӯб мекард.

Бино бар он, оқибатҳои харобиҳойи маъмурӣ ва меъморӣ ва фарҳангӣ ва моддӣ ва рӯҳиаш, назар ба шикасти аввал, фаҷеътару ҷонкоҳтар буд. Ин дафъа ҳам ба монанди маротибаи аввал, истило карданду заданду куштанду асир гирифтанду сӯхтанду ба ғорат бурданд ва сарбории ин ҳама, боз забону хату дину урфу олдатро аз муомилот бароварданд ва забону хату дину урфу одати худро маҷбуран ҷонишин гардониданд, ки фарҳанги солими авлоду аҷдодро маризу нимбисмил кард. Ашрофу орифону олимон ба дини нав гаравиданд. Бо муқовиматҳо, бо ҷонбозиҳо, бо талафот, вале оқибат ғояи навро қабул карданд ва гузашта аз ин, худ мубаллиғи қаҳҳори ғояи нав шуданд ва асарҳойи тавзеҳотиву тафсириву фалсафии бағоят хирадмандона навиштанд ва муаллиму пешвойи ғояи нав шуданд ва гузаштагони худро ба габрӣ шӯҳрат доданд.

Давраи эҳё ё зиндашавии осори адабӣ

Фарҳанги мулкдорӣ ва ватанхоҳӣ ва миллӣ миёншикан шуд. Рӯ ба таназзул овард. Рӯ ба таназзул овард, аммо чароғаш ҳанӯз даргирону решааш дар об буд, ки "мо соҳиби мулки бузург ҳастем, мо меҳан дорем, мо тамаддун дорем, мо миллати яхлухт ҳастем, мо бояд асолату рисолати худамонро ҳифз карда битавонем". Ҳамон нури чароғ, ҳамон решаи дар об, ҳамин рӯҳу тавон ва ҳамин ғайрату имон, фарҳанги форсиро аз нестиву нобудӣ нигоҳ дошт. Вале ба муросо ба фарҳанги ғолиб. Ғояҳои наверо, ки аҷнабиёни ғолиб оварданд, қабул шуду густариш ёфт ва ҳамзамон илму маърифати бумӣ боқӣ монд ва ин ду маданият ба ҳам омехт ва маҳлул гардид ва аз ҳисоби якдигар ғаниву комил шуд.

Минбаъд форсиён ҳар коре, ки карданд, таҳти ливойи ғояҳойи нав карданд, ки тору пудаш муштарак аз бумиву берунӣ буд. Ватандорӣ, ватанхоҳӣ ва талоши озодиву мустақилиашон ҳам дар ҷомаи муросову мадоро ба худиву оварда сурат гирифт. Аз як тараф бо итоат ба қонуну қоидаҳо ва қудрати империяи нав мезистанд ва аз тарафи дигар мехостанд, ки дар таркиби тартиботи ғосибон як сиёсати хоссу мустақиле дошта бошанд. Дар чунин заминаи дуранг, гоҳ дар ин ҳавза ва гоҳе дар он ҳавза, фарҳанги миллӣ ва ғайрати ватандорӣ боло мегирифт ва ину он амир ё сарлашкар сар мебардошту ливойи мустақилӣ меафрошт ва муҳорибаҳойи шадид ба амал меомад.

Қариб сесад сол давом кард сарбардоштанҳо ва сарбохтанҳо ва шӯришҳои бобаррору бебаррор, то ки дар Хуросони Бузург фарҳанги давлатдории миллӣ ва ҳимояи мулки меросӣ ғолиб омад. Ғалаба кард охиру оқибат ҷидду ҷаҳд ва меҳри миллату ватан ва истиқлол ба даст омад, ҳарчанд ки маҳдудияте дошт дар риояи талаботи империяи ғайр. Ба ҳар ҳол, як давлати миллӣ ва мутамарказ ва боқудрат ба майдони сиёсат омад, ки мулкро идора ва фарҳангро саришта карда тавонист. Мардум осоишта шуданд ва рӯзгор ба ободӣ рӯ овард ва илму адаб тараққӣ кард.

Замоне буд он замон, ки ба истилоҳи имрӯза, даврони эҳё мегӯянд. Осори илмиву адабӣ, ки ба ҳукми мурда буд, боз зинда шуд, - аз забони паҳлавӣ, аввал ба забони ғосибон ва баъд ба забони форсии нав баргардониданд. Давлат соҳиби иқтидори сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва иҷтимойӣ буд ва забони миллӣ, дар паноҳи қудрати давлат, он қадар қувват гирифт, ки на фақат эҳтиёҷи миллатро мебаровард, балки ҳамчун забони байни миллатҳо хидмат мекард. Давлати муқтадир ва забони муқтадир фарҳангро умуман ва дар баъзе шохаҳо, аз қабили таърих, ҷуғрофия, тиббу табобат ва назму насру луғат, хусусан, ба авҷи аъло баровард.

Осори хатие, ки аз он замонҳо боқӣ мондааст, аз ҷиҳати вусъати фикру андеша ва таҳқиқу таҳлил ва инсондӯстиву накӯкорӣ ва маҳорати баёну маҷазофарӣ, дар ин дунёи кӯҳан қариб, ки мислу монанд надорад. Дар баробари ин ҳама авҷу камол, дар асари адибон ва муаррихон ва мубаллиғон, ноаёну батадрҷ, ғояҳои бебақо будани умри инсон дар ин дунё ва бақойи ҷовид ёфтанаш дар он дунё, ҳарчӣ бештар ворид шуд, ки пояҳои фарҳанги ватандорӣ ва обод нигоҳ доштани ватан ва авло будани ҳифзи ватан аз ҳифзи танро, оҳиста-оҳиста сусту бемадор кард.

Вақте Хуросони бузург кӯчак шуд…

Шикасти саввум, ба ҳамин давраи коҳиш ёфтани фарҳанги ватандорӣ ва фурӯ нишастани ифтихори миллӣ рост омад. Ва сарбории он шикасти навбатӣ шикаст андар шикаст буд, ки оқибатҳойи даҳшатовараш дар фарҳанг, умуман ва дар фарҳанги милливу ватандорӣ, хусусан, ба маротиб зиёд шуд. Амирони ҳавзаҳойи Хуросони бузург, ки ҳар кадоме худро Шоҳи ҷаҳон мешуморид, дар танҳойӣ аз ӯҳдаи муҳофизати марзу бумашон набаромаданд, як-як саркӯб шуданд ва мулку миллатро ба дасти душман доданд. Душман, ба мисли ҳама ғосибоне, ки пеш омада буданд, шаҳрҳоро хароб кард, аз каллаи одамон манораҳо сохт, китобҳоро сӯзонд ва соҳибони мулк қудрате надоштанду наёфтанд, ки хокашону ҷонашону китобашонро ҳимояву ҳифз бикунанд. Боз лашкаркашон ба миллату мулки аҷдодиашон хиёнат карданд, боз ашрофон ба хидмати душман рафтанд, ки ҷони худу мансаби худро зери хатар намонанд, боз муаррихон ба мадҳу санойи амиру хонҳое камар бастанд, ки аз саҳро омадаанд, боз... ва боз мардуми таҳҷойӣ хонабардӯшу фирориву ғариб шуданд.

Хуросони бузург дигар як марказ ва як мақсад ва як фарҳанги фарогири ҳамаи мардум надошт. Ба қисмҳову қисмчаҳо тақсим шуд. Ҳукмрони ин қисмҳову ин қисмчаҳо мардуми таҳҷойӣ набуданд. Қабилаҳойи аз даштҳо ва биёбонҳо омада, ҳукмронӣ мекарданд, ки ҳадафҳойи гуногун ва сиёсати музофотӣ доштанд. Баъд аз шикасти саввум дар Хуросони Бузург ҳар сулолае, ки сари қудрат омад, аз қабилаи бегона буд, аз қабилаи душману ғосиб буд ва ҳар ҷангу ҷӯш ва ҳар тағйироту табаддулоте, ки дар ин сарзамин воқеъ гардид, ба дасти онҳо ба амал омад. Онҳо ба сари якдигар лашкар кашиданд ва аморатҳову хонигариҳо аз дасте ба дасте мегузашт, ки чунин ҳодисаҳо бағоят тӯлонӣ шуд ва ҳамаи ин муддатҳойи дароз ғосибон ғолибу соҳибон мағлуб буданд. Мардуми марзиву бошандагони бумӣ, ба ин ҳоли ногувори бегонаи ҳукмрону соҳибхона мутеъ, аввал муросо карданд ва баъдҳо тан доданд ва оқибат ҷисману рӯҳан одат карданду хӯ гирифтанд.

Ҳоле рӯй доде ба расмияти рӯзгор табдил ёфт, ки фарҳанги бузурги кӯҳану бошукӯҳи миллӣ ва ватандорӣ ғирт фаромӯш шуд, ба тавре, ки гӯё ҳеч вақт вуҷуд надошт. Анъанаи фарҳанги аҷдодии таълиму тарбияти насли наврас, ба монанди чавгонбозӣ, асптозӣ, шикор, оббозӣ, кӯҳгардӣ, зӯрозмойӣ ва монанди ҳамин машқҳое, ки ҷавононро ба ғайрату чолоку варзида ва ба ҳар гуна душворӣ тобовар мекард, аз назари давлат ва мардум дур монд. Ифтихор аз хидмати ҳарбӣ ва талоши лашкаророиву орзуи сарлашкарӣ қариб аз байн рафт. Марказҳои илмӣ ва китобхонаҳо, сарвати зеҳнияи миллӣ ба харобхонаҳо табдил ёфт. Насиҳату ибрати падару модар ва муҳити маҳаллу мактабу кӯчаву бозор, ки хислатҳое, чун озодагӣ, сарбаландӣ, ҷавонмардӣ, далерӣ, нотарсиро талқин мекард, аз муомилот баромад.

Санъати меъмории боҳашамат то кулбаҳои похса поён фаромад. Созҳои мусиқӣ ва ҳунари мутрибон он қадар коҳиш ёфт, ки як пора тунука ҷойи ғиҷҷакро ва як виғос ҷойи сурудро гирифт. Деҳқониву боғдорӣ ба саховати обу ҳаво ҳавола шуд, ки агар мусоид ояд, ҳосиле мегирифтанд ва агар мусоид наояд, месӯхту хушк мешуд.  Дер давом кард чунин ҳолу аҳволи фарҳанги бефарҳангӣ ва мардум дигар фикру андешае намекарданд, ки одамизод озод офарида шудааст, барои обод кардани ҷаҳон офарида шудааст. Ба сарбории қабат ба қабат ва сол ба сол футур рафтани фарҳанги милливу ватандорӣ, муаррихон аз зафарҳо, аз корномаҳо, аз саховатҳо, аз адолатҳо ва аз раъиятпарвариҳойи амиру хонҳо китобҳойи ғафс-ғафс менавиштанд, ки ҳар кадоме аз онҳо "салтанатпаноҳ, ҳашматдастгоҳ, сафдари додхоҳ, таҳавурнишон, хусрави соҳибқирон, хусрави хусравон, фахри мулук ва адолатпеша" ҳастанд.

Дар таърихнигорӣ ҳақиқатгӯиро тамаъкорӣ балъид ва таърих хушомадгӯву дурӯғгӯ шуд. Албатта, бо баъзе истисноҳое, ки хеле кам аст ва дар замонаш ғолибан ғайр аз худашу ду-се дӯсташ, каси дигар нахондааст. Адибон асири ғояҳои дунёи бевафову бебақо ва одобу одамгарӣ ва инсондӯстӣ гардиданд. Достонҳо, масалҳо, ғазалҳо ва анвоъи дигари шеъри нобро ба дараҷаи аъло эҷод карданд ва доди суханро доданд ва ончунон маҷазҳову ташбеҳҳову талмеҳҳо офариданд, ки дар зоти худ андар кам ёфт мешавад. Вале ин шеъри буррову ғарову дилошӯбу мафтункунанда, на замони муайян дошт ва на макони аниқ, на ватан дошт ва на миллат. Ба ғайр аз қасидаҳойи мадҳиявию он воқеа ва таърихи сохтмониву вафоте. Мухотабаш рӯйи ҷаҳон ва кулли инсон буд. Ин равияи адабӣ, аз ҷиҳати "қабули хотир ва ҳусни баён", ба волотарин дараҷаҳо расид ва то ҷое шефтаи инсондӯстӣ буд, ки ба ватандӯстӣ ва миллатдӯстӣ як ваҷаб ҷой намонд.

«Модарро дил месӯзаду Дояро доман»

Бо гузашти айём ҳунари эҷоди ин равия ба авҷи аълоаш расид ва равияҳои нав ба вуҷуд наомад, ногузир тақлиду такрор ҳунару истеъдод ба шумор мерафт. Дар асл, тақлиду такрор аз рисолати кори эҷодӣ нест, балки мухолифи он аст ва айб ҳам ҳаст. Лекин дар он замонҳо, бо сабаби якранг шудани рӯзгор ва шаху ях гардидани афкор чунин рафторро айб надонистанд, ҳунар шинохтанд ва боиси ифтихорашон буд, ки ба фалон ғазал мухаммас бастаанд, фалон достонҳо ва қасидаҳоро ҷавоб гуфтаанд ва ба радифи фалон девони фалон шоир девон навиштаанд ва лоф задаанд, ки "сахун маънойи наве, ки ман гуфтам, то ҳол касе нагуфтааст ва минбаъд ҳам гуфта наметавонад".

Бад-ин аҳвол адабиёт даббаву хуносо шуд, - маҷазҳое (образҳое) ба мисли Лайливу Маҷнун, Юсуфу Зулайхо, Асойи Мӯсо, Дами Исо... ва ташбеҳҳое ба монанди гулу булбул, шамъу парвона, хату хол, зулфи каҷ, абрӯйи думи мор, миёни борик, даҳони танг, ханҷари мижгон, дили кабоб, ҷигари сӯхта, шаби фироқ, маъшуқаи сангдил... дар фазойи ҳаштсаду нӯҳсад сол бетағйир монд ва шаклу мазмун бадал накард. Оқибат ҳамон ақидаҳои сирф башардӯстонаи муҷаррад ҳам рӯ ба таназзул овард ва диду дониш маҳдуди маҳруф шуд ва фақат қолабу қофияву вазни арӯз боқӣ монд ва адабиёт дар наср муғлақбаён ва дар назм суханбозии бемағз гардид ва бӯҳрони фарғӣ ҳукм меронд, зеро ки ҳукуматдорони саҳройӣ дар ин сарзамин Модар набуданд ва дар беҳтарин ҳолат нақши Дояро мебозиданд ва машҳур аст, ки Модарро дил месӯзаду Дояро доман.

Сиёсати давлатдории ин амирону хонҳову бекҳо сиёсати зӯровариву ғасбкориву ғоратгариву таллаву тороҷ буд, касе зӯр барояду хоку оби дигарро зада гирад! Бинобар он, агар ин таъбир дуруст бошад, фарҳанги онҳо фарҳанги хунрезӣ ва харобкорӣ буд. Фарҳанги илму маърифат ва китобу дафтар ва кишту кор ва одаму одамгарӣ дар тафаккури онҳо чандон ҷойи муносибе надошт. Ҳосиле, ки аз он баромад, хоки коррезҳо фурӯ рехт, боғҳо чарогоҳ шуд, заминҳои кишт беоб монд, ҷангалҳоро буриданд, китобҳоро сӯзониданд ва дар мадрасаҳо фақат аз шарҳу тарҷумаи калимаҳо дарс мехонданд ва дар хонаҳо фақат аз гӯру қиёмат гап мезаданд ва ба мардуми бумӣ силоҳ намедоданду онҳоро ба хизмати ҳарбӣ даъват намекарданд...

Ниҳоят, фарҳанги бузурги мактабу маориф ба мисли пораву порча гардидани мулку миллати як давлати бузургу муқтадир, титу парешон ва хурду реза шуд ва ба фарҳанги як водӣ, як дара, як деҳа ва як хона табдил ёфт, ки бунёди милливу иқтидори давлатдорӣ надошт. Дунёи бехабарӣ, тангназарӣ ва бедонишӣ мардумро гирифтори биёбони ҷаҳлу ҷаҳолат кард. Ақлу фаросат он қадар лат хӯрд, он қадар зарба дид, ки ба ғояти тирагиву торӣ расид. То ҳадде, ки глобусро бинанд, заҳрханда мезаданд, ки "рӯйи дунёра кӣ ваҷаб карда баромадааст?! Дурӯғ ҳамаи ин корҳо. Кофир ҳамон мегуфтагиҳо!".

Фарҳанги бузург музофотӣ шуд

Дар ҳама давру замонҳо ва дар ҳама мамлакатҳо, сарфи назар аз он, ки ором аст ё ноором, обод аст ё нообод, ҷойи фозилону олимон холӣ набуд ва холӣ намешавад. Дар Хуросони Бузург, дар даврони салтанати истибдодии кӯчмандиён, ки қабила ба қабила ба сари якдигар теғ мекашиданд, низ фозилону олимони бедор буданд. Онҳо медиданд, мефаҳмиданд, ғам мехӯрданд ва ба умеди ислоҳаш китобҳо менавиштанд, ваъзҳо мегуфтанд. Аммо онҳо муттако надоштанд, танҳо буданд ва додашон ба гӯши касе намерасид. Ҳукумати вақт пуштибонӣ намекард, балки онҳоро кофиру зиндиқу муртад ва боз чӣ балоҳое мегуфт. Муттаҳам мекард. Осори онҳоро дар мадраса дарс намедоданд. Ба мардум дастрас набуд, ки бихонанд. Зеҳни мардум, аз насл ба насл, кунду кундтар мешуд. Бечора фозилон аз ғам силкасал мешуданд, ё ба сари дору кундаи зиндон мерафтанд ва ё роҳи фирорро пеш мегирифтанд, ё кунҷи хилвате ёфта, хуни дил мехӯрданд, ки "дар мулки мо ғайри гӯшанишиниву хомӯшӣ, дигар донишу талошу ҳунарҳо ҳама нанг болои нанг аст".

Фарҳанге, ки даҳ аср боиси омӯзишу ибрати ҷаҳониён буд, дар ҳашт асри охир ба фарҳанги маҳдуди музофотӣ ва ҳатто хонаводагӣ мубаддал гашт. Фарҳанги асолати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, аввал роҳгум зад ва баъд  билкул аз байн рафт. Маърифат ва ҳавсалаи мардум танги танг шуд, ки агар ба масал, сари масъалаву мушкилие баҳс афтад, тарафҳо оромона ва бо далелу санад сӯҳбат карда наметавонистанд ва зуд ба хархашаву ҷангу ҷидол мегузаштанд. Ҷаҳл ғолиб меомад ва аз якдигар қаҳрӣ мешуданд, душман мешуданд, қассосталаб мешуданд ва хунҳо мерехтанд.

Оламу Одам дигар шуд, сиёсатҳо дигар шуд, марзҳойи давлатӣ дигар шуд, мактабу маориф ва донишу биниш дигар шуд, ба вуҷуди ҳамаи дигаргуниҳо мо алҳол аз рӯҳия ва хислате, ки дар давронҳойи мустабидӣ ба хунамон даромадаасту дар зеҳнамон нишастааст, пурра халосӣ наёфтаем. Деҳқон кишт мекунад, боғбон мева мерӯёнад, вале ҳосилашро оқилона саришта карда наметавонад. Ё ба нимбаҳо мефурӯшад, ё ки дар саҳрову анборҳо талаф мешавад. Тоҷир моли хориҷӣ ба бозор мебарорад, ба афзун гардонидани моли дохилӣ қувваву маблағу вақт кам сарф мекунад. Муаллим, ба ҳукми аксарият, эҷодкор нест, фанни худро пухта намедонад ва хому хатала дарс медиҳад. олим дар ғами кашфиёт нест ва кашфиёте ҳаст ҷомаи амал намепӯшад.

Адиб, ғолибан, аз ишқи бебарор менолад ва ҳасрати кадом як шаби борониву маҳтобӣ ва сояравшанҳойи хаёлиро мехӯрад. Ношир, хоссатан, хусусияш, китоб чоп мекунаду пул мегирад ва парво надорад, ки дар он чӣ навиштаанд. Меъмор аз ӯҳдаи кашидани нақшаи хуби шаҳрсозӣ ва иморат намебарояд. Мутриб таносуби сухан ва мусиқиро намедонад, ба маънойи шеър сарфаҳм намеравад, вале месарояд ва аз боби санъати воло ҳарф мезанад... Ҳамаи ин хислатҳо аз замонҳойи костагии фарҳанг ба мо мерос мондааст, ки одати баде чун маҳалгаройӣ, ки як дарди бедавоест, аз ҳамин сарчашма об мехӯрад.

Шӯравӣ, Миллат, Марз, Ватандорӣ

Баъди ба Осиёи Миёна сар даровардани Русия ва Роҳи оҳану маҳсулоти заводу фабрикааш, баъди инқилоби соли 1905, баъди табаддулоти давлатӣ дар Туркия, баъди маршрутхоҳӣ дар Эрон, баъди омадани рӯзномаву маҷаллаҳо, дар Аморати Бухоро як ҷунбиши фарҳангӣ ва як талоши ободиву ватанхоҳӣ ба амал омад. Як даста бедорфикрон ва адолатхоҳон ба майдони сиёсату раёсат баромаданд. Онҳо дастовардҳойи мамлакатҳойи дидаашон ва пешрафта аз рӯзномаҳо хондаашонро бо мулки Бухоро ва рӯзгори мардуми он ба муқоиса гирифтанд, ки "онҳо ҳам одам, мо ҳам одам, пас чаро фарқ замину осмон аст? Ва ислоҳоти мактабу маориф ва тартиби таъмини маошу кори мансабдоронро талаб карданд. Маҳз дар талабҳойи онҳо мафҳумҳойи миллат, ватан, ки пок покиза фаромӯш шуда буд, аз нав рӯи забон омад ва ба муомилот даромад. Аммо миллатхоҳии онҳо як дараҷа дақиқу амиқ набуд - "мо миллати мусулмон" мегуфтанд.

Фақат дар он замони ҳокимияти шӯравӣ, дар арафа ва дар ҳангоми тақсимоти марзҳо бо нишонаи миллӣ ва ба номи ҳар як миллат як ҷумҳурӣ ташкил доданд, истилоҳҳои Миллат, Марз, Ватандорӣ, бо маънойи аслиаш ва ба ивази баланд садо дод. Аниқу дақиқ садо дод ва ба гӯши мардум расид. Сари минбарҳо баромад, сиёсати давлатро фаро гирифт, саҳифаҳойи рӯзномаву маҷаллаву китобҳоро пур кард ва мардум хоб буданду бедор шуданд, гунг буданду гӯё шуданд, бехабар буданду хабардор шуданд. Бо шарофати ҳамин бедорӣ, ҳамин гӯёӣ ва ҳамин баҳсбарӣ дар харитаи ҷаҳон давлати мустақили ниммустақиле пайдо шуд бо номи Тоҷикистон. Ба вуҷуди ниммустақилӣ муҳиту шароит чандон бад набуд. Бисёр мушкилиҳойи миллӣ ва сарҳадӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимойӣ ва фарҳангиро осон кардан имкон дошт, вале истифода набурданд, ки он мавзӯъи дигар аст.

Дониш нақши сӯзанда ҳам дорад

Дар айни ҳол мушкилиҳо рангу бӯйи дигар доранд. Имрӯз давлати тоҷикон давлати мустақили воқеист. Мустақилияти Тоҷикистонро ҳамаи давлатҳойи дунё ва ташкилотҳойи байналхалқӣ шинохтанду эътироф кардаанд. Пас ҳар як бурду бохтҳо, ки пеш меояд ва воқеъ мегардад, ба дасти худамон ва аз дасти худамон аст. Давлатдорӣ шабеҳи хонадорист. Фақат ҳаҷму вусъаташ фарқ мекунад. Соҳибхона ҳар коре, ки баройи ободӣ ва фаровонӣ ва осудагии хонааш мекунад, бо ақлу фаросату дасти худаш мекунад. Худаш заҳмат кашидааст. Бинобар ин, ҳар гӯшаи он баройи вай азиз аст ва дӯст медорад. Соҳибватан ҳам инчунин рисолат дорад, ҳар коре, ки барои ободӣ ва фаровонӣ ва осудагии ватан зарур аст, бояд ки дастаҷамъӣ ва аҳлона бо ақлу фаросату дасти худ бисозад, то ки ба заҳматаш дилаш бисӯзад ва азиз бидонад ва дӯст дорад ватанашро. Асбоби ватандӯстӣ, ки таъмин шуд, ифтихори ватандорӣ ҳам таъмин мегардад.

Фарҳанги ба ақлу бозӯи худ такя кардан шарту шароити бисёре дорад. Валекин бунёди бунёдҳояш дониш аст ва ба рӯзҳойи беҳбудӣ мерасонад. Аммо дониш бе таълиму тарбият ва хондан ба касеву ба халқе муяссар нашудааст ва ҳеч гоҳ муяссар нахоҳад шуд. Ҳақиқати бебаҳсе ҳаст, ҳар кӣ нахонад, чӣ донад? Ҳар кӣ надонад, чӣ тавонад?  Хондану тавонистан, дар навбати худ ва бо тақозойи ғоя, ҳар гуна мешавад ва ҳар тавр нақш мегузорад. Хондану тавонистане ҳаст, ки рӯ ба тараққиёту пешравӣ дорад ва Одамро шариф медонад ва даъват мекунад, ки ҷаҳонро обод ва шаҳрҳоро маъмур ва хоку оби заминро покиза нигоҳ дорад. Чунин хонишу тавон созанда аст ва одамро одамигарӣ ёд медиҳад ва фарҳанги милливу ватандориро обутоб медиҳад.

Хондану тавонистане ҳаст, ки одамро як махлуқи бечораву оҷизу нотавон медонад ва тарғиб мекунад, ки ин ҷаҳони фонӣ ба ҳеч чиз намеарзад ва одамро ноумеду зиндагибезорӣ ёд медиҳад. Чунин дониш барбоддиҳанда аст ва одамро дар пардаи ҷаҳолат нигоҳ медорад ва фарҳанги милливу ватандориро аз беху бунаш месӯзад. Натиҷабардории ин ду намуд дар рӯзгор вазъу ҳоли таълиму тарбият аст. Ба ҳар тарафе бештар аҳамият диҳанд ва эътиборашро баланд бардоранд ва имтиёзашро таъмин бикунанд, ҳамон тараф ба зеҳни мардум менишинад ва хислату феълашон мешавад.

Истиқлол ва ҳимояти он

Маълум, ки имрӯз бо фаҳмишҳойи дирӯз зиндагӣ кардан як хаёли хом аст. Ба фардо нигоҳ кардан даркор. Фардойи давлати соҳибистиқлоли мо по ба по бо асри бисту як рафтан аст. Як қадам оқиб монем, ба саду як мушкилӣ рӯ ба рӯ хоҳем шуд. Аз ин рӯ, таълиму тарбият тавре бояд сурат бигирад, ки мувофиқ ва муносиби ҳадафҳои давлати мустақил бошад. Мушкилиҳойи сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иҷтимойӣ ва фарҳангии онро осон карда тавонад. Рӯҳан ва ҷисман қобилу қодир бошад, ки Истиқлолро аз ҳама гуна зарарҳойи дохиливу хориҷӣ ҳимоят карда тавонад. Ҷилавашро гирифта, садҳоро шикаста ва монеъаҳоро аз сари роҳ бардошта, ба манзили мурод расонида тавонад.

Аслан бо насиҳату таъқидҳое ба мисли "тарафи китфи рост туф накун, ки фариштаи раҳмат мегурезад, дар дастархон корд бошад, фотиҳа накун, ки дуоро мебурад, калон гап занад, хурд сарашро хам карда мешинад" ва ғайраву ҳоказо ва ташвиқу тарғиб, ки "ин ҳаёт ва ин зиндагие, ки дар ин дунё ба мо насиб гардидааст, ҳеч гуна арзиш ва эътиборе надорад, фиребу найранге беш нест. Зеро маншаъ ва мабдаъи он аз ҳеч иборат аст. Сарчашма ва обишхӯри он як ҷоми тиҳист" ва ба ҳамин монанд, одам танбал, ободӣ хароб ва фарҳанги миллатшиносиву давлатдорӣ беқурб мешавад, ки мо намунаҳояшро дар сайри мухтасари боло дидем ва заҳри оқибатҳояшро аз тоқатамон зиёдтар чашидем.

Имрӯз ба мо ва истиқлоли навраси мо усули таълиму тарбияте даркор ва зарур аст, ки хислатҳои мутеъӣ, ноустуворӣ, заифнолӣ, гӯшанишинӣ, оҷизӣ ва бечорагиро бишканад, дур андозад ва ба хона, ба кӯча, ба бозор, ба мактаб ва ба минбар роҳ надиҳад. Имрӯз дар хона, дар кӯча, дар бозор, дар мактаб, дар минбар  ва дар рӯзномаву маҷалла, дар радиову телевизион ва дар адабиёту театру кино, тарғибу ташвиқ ва таълиму тарбияте шарту ногузир аст, ки ба мақсадҳойи истиқлол мувофиқат бикунад, насли сарбаланд, ба душвориҳо тоқатовар, ба ақидааш устувор, дар майдон мардона, дар кор фаъол, дар ҳаёт ҷӯянда ва аз худаш дилаш пурро ба воя бирасонад. Тақозойи соҳибмулкиву мустақилӣ ва тақозойи фарҳанги миллатшиносӣ ҳамин аст, ки шаҳрвандон аз ӯҳдаи ҳама кор бароянд ва душвориҳоро бо ақли худу бо дасти худ осон карда тавонад.{jathumbnail off}

 

Урун КӮҲЗОД,

нависандаи халқӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!