Рӯзи 26 август дар толори академияи илмҳои Тоҷикистон маҳфили пуршукӯҳи илмию фарҳангии муаррифии китоби "Гулчини ашъори Мирзо Турсунзода" баргузор мегардад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, ин чорабинӣ ба пешвози 20- солагии истиқлолият ва 100- солагии таваллуди устод Мирзо Турсунзода бахшида мешавад. Китоби "Гулчини ашъори Мирзо Турсунзода" ба кӯшиш ва эҳтимоми Муҳаммадҷаъфар Ранчбар дар анҷумани «Пайванд» дар маркази ҳамкориҳои Шветсария
ба нашр расид. Ин китоб ба хатҳои сириллику ниёкон бо муқаддима ва сухани донишмандони кишварҳои ҷаҳон, албоми тасвирҳои шоир, бо аксҳои зебои бойгонӣ ва таърихии Тоҷикистон рӯй чоп омадааст,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр