Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:07

Панҷакент: Як зани 53-сола бо ҷурми порадиҳӣ ба додгоҳ кашида шуд

20 август 2011, 07:33

Барои додани пора нисбати як зан дар ноҳияи Панҷакент парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.


Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз РКД-и вилояти Суғд хабар доданд,  санаи 18 августи соли ҷорӣ, аснои гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки шахрванд К, Р, сокини 53-солаи ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷакент санаи 20 июли соли равон  барои дохил намудани хешовандаш ба Донишгохи кӯҳӣ -металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Чкаловск ба муовини декани яке аз факултаҳои ин донишгоҳ  М,М маблағи пулӣ ба миқдори 2 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора додаст.

«Оиди ин ҳодиса маводҳои ҷамъовардашуда, бо моддаи 320 қисми 1 ( додани пора шахсан ба шахси мансабдор ё ба тариқи миёнарав)-и КҶ  ҶТ нисбати К.Р ба парвандаи ҷиноии санаи 20 июл оғозкардашуда ҳамроҳ  карда шуда, тафтишот идома дорад»- илова намуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!