Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:30

Расул Мирзоев бо ҷурми куштор равонаи маҳбас мегардад

20 август 2011, 07:39

Бар асари 1 зарбаи қаҳрамони секаратаи ҷаҳон, шаҳрванди Русия  Расул Мирзоев донишҷӯ Иван Агафонов баъди 3 рӯз ба худ наомада фавтидааст.


Худи ҷаҳонпаҳлавон ба яке аз шӯъбаҳои пулис омада изҳор кардааст, омодааст, то барои амалаш чи ҷазое бошад, бикашад.  «Ман аз чунин ранг гирифтани ҳодиса сахт изҳори таассуф мекунам» изҳор кардааст Расул Мирзоев, ки дар ҷаҳони варзиш бо лақаби «Бабри сиёҳ» машҳур аст.

Ҳодиса дар яке аз клубҳои фароғатии Маскав рух додааст, ки ҷаҳонпаҳлавон аз рӯи намуди варзиши якҳарбаи омехта Mixed Martial Arts  бо ҳимоят аз духтарон, ки Иван Агафонов ба онҳо дарафтода, таҳқир мекард, баъди муноқиша бо Иван Агафонов ӯро як зарби мушт задааст.

Кумитаи тафтишоти Русия нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда тафтишот мебарад. Ҷаҳонпаҳлавонро бошад, ҳарчанд  ба гуноҳаш иқрор кардааст, мӯҳлати тӯлонии зиндон интизор аст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!