Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:30

Салиби Сурх дар реҷаи тестӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон дидан мекунад

22 август 2011, 03:18

Дар намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Душанбе мизи мудаввар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, дар ин ҳамойиш масъулини баландпоя аз  прокуратураи генералӣ, вазороти адлия,  корҳои дохиливу хориҷа, Кумитаи давлатиии амнияти миллӣ, Агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар  ва коршиносони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ширкат доштанд. Зимни нишаст,  ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмони байнаймилалӣ дар мавзӯи татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ, дастовардҳои ҶТ дар самти ислоҳоти низоми адои ҷазои ҷиноятӣ ва дастрасии коршиносони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ба ҷойҳои адои ҷазои ҷиноятӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон, дар мулоқот дар  бораи омодагии Тоҷикистон ба боздиди намояндагони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (дар реҷаи тестӣ) аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ дар вақт ва макони барои он созмон қобили қабул расман изҳор гардид. Қайд гардид, ки ин амал яке аз воситаҳои пурсамар дар мубориза бо шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд, ба шумор меравад.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ ва муколамаи хешро дар ин самт идома хоҳанд дод.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!