Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:15

Пойтахти Либия аз ҷониби чирикиҳо тасарруф шуд

22 август 2011, 04:10

Мухолифини ҳукумати Муаммар Қаззофӣ ба маркази шаҳри Троблус ворид шуданд.


Тибқи иттиллои расонаҳои хориҷӣ, чирикиҳои Либия тайи ду рӯзи ахир бо суръати баланд ва бидуни муқовимат пешрафт кардаанд. Зимнан, телевизиони «Skynews» наворҳоеро намоиш медиҳад, ки дар он чирикиҳо парчамҳои мухолифин дар даст дар хиёбони  Сабз – майдони марказии Троблус аз пирӯзии худ бар режими Муаммар Қаззофӣ таҷлил мекунанд. Дар ҳамин ҳол, пешвоёни ин гурӯҳ эълом доштаанд, ки номи майдони Сабзро тағйир дода, аз ин баъд он исми Шаҳидонро ба худ хоҳад гирифт.

Мӯсо Иброҳим, сухангӯи ҳукумати Муаммар Қаззофӣ НАТО-ро айбдор кард, ки   ба пешрафти чирикиҳо ба сӯи ин шаҳри  ба гуфтаи ӯ, “осоишта” кумак мекунад. Мухолифон бошанд, эълом карданд, ки  Сайфулислом, яке аз писарони Муаммар Қаззофиро асир гирифтаанд. Амрико аз Шӯрои миллии гузор даъват кард, рӯи барномаи Либияи баъди Қаззофӣ биандешад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!