Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:01

Ваҳдат: Бобо набераи 1-солаашро ба ҳалокат расонид

22 август 2011, 04:28

Нафақахӯри 62-сола, сокини шаҳри Ваҳдат бо ҷурми куштори барқасдона боздошт гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, рӯзи 20-уми августи соли равон соати 01:00 ноболиғ Шерзод Тугаеви 1-сола, сокини ҷамоати Гулистон, деҳаи  Адолат бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар беморхонаи №3 шаҳри Душанбе бистарӣ гардид. Ташхиси табибон маълум сохт, ки ноболиғ аз сирко заҳролуд шудааст.

Зимнан, дар пайи амалиёти вижаи кормандони мақомоти интизомӣ Даврон Тугаеви 62- сола, сокини ҳамонҷо, нафақахӯр дастгир карда шуд. Манбаъ мегӯяд, Тугаев аз хусумати шахсӣ бо писараш Бахтиёр Тугаев, ба наберааш моеъи сиркоро қасдан ва бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан  хӯронидааст. Дар натиҷаи ин амали ӯ Шерзоди 1-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!