Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:46

Кен Гросс бо журналистон мулоқот карданист

12 май 2011, 12:14

Дар Душанбе мулоқоти навбатии сафири Амрико дар Тоҷикистон бо намояндагони ВАО баргузор мешавад.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин сафоратхона иттилоъ доданд, рӯзи 16-уми май, дар маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 40 ҷаноби Кен Гросс нишасти матбуотӣ доир мекунад. Зимнан, дар ин мулоқот дипломати амрикоӣ  дар бораи низоми пешниҳоди дархост барои ирсоли раводиди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, намудҳои гуногуни раводидҳое, ки дар ин ҷо кор карда мешаванд ва баъзе саволҳои марбути раводидҳо иттилоъ медиҳад. Ҳамзамон, рӯзноманигорон метавонанд бо суолҳои дигари худ низ дар ин нишаст посух пайдо кунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!