Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:38

Таҷлил аз рӯзи касбии ҳавонавардони низомӣ дар Тоҷикистон

22 август 2011, 06:32

Иди касбии ҳавонавардони ҳарбӣ дар пойтахти малакат васеъ таҷлил гардид.


Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи  вазорати мудофиа ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод ин чорабинӣ ҳамасола якшанбеи сеюми август дар Тоҷикистон сурат мепазирад.

Маҳмадалиев гуфт, нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон яке аз навъҳои қувваҳои мусаллаҳи нахуст ташкилёфта дар ҳайати артиши миллӣ ба шумор меравад, ки имсол аз бунёди он 18 сол пур мешавад. Солҳои аввали таъсисёбии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ танҳо чаҳор чархболи «Ми -24»-и ҳарбӣ дошт. Айни ҳол дар ҳайати қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон чархболҳои «Ми -24», «Ми- 8» ва ҳавопаймоҳои гуногуни ҷангӣ фаъолият мекунанд, ки дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон ҳавонавардони тоҷик бо маҳорати баланди ҳавонавардӣ амалиётҳои махсус доир намуда, метавонанд аз иҷрои вазифаҳое, ки бар зиммаи онҳо гузошта шудааст, бароянд.

Тоҷикистон аз соли 1997 ин ҷониб чархболҳои ҷангиву ҳавопаймоҳои ҳарбии худро дар машқҳои мукаммали низомӣ, ки дар дохил бо ҷалби сохторҳои қудратии мамлакат ва дар хориҷ бо онҳое, ки бо мо ҳампаймон ҳастанд аз қабили Созмони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СПАД), қувваҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ, Созмони ҳамкории Шанхай  (СҲШ) ва дигар созмонҳо, ки доир мегарданд, ҳамкориро пайваста сайқал медиҳанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!