Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:35

Коммунистони Хитой дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

22 август 2011, 10:27

Шукурҷон Зуҳуров, райиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон як ҳайати воломақом аз давлати мардумии Чин таҳти сарварии аъзои доимии Кумитаи Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Хитой, Дабири Кумитаи марказӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, Мудири Шӯъбаи муносиботи байналмилалии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Хитой ҷаноби Чжоу Юнканро ба ҳузур пазируфт.


Тибқи иттилои Муҳамадато Султонов, сухангӯи МН, Шукурҷон Зуҳуров қабл аз баррасии масъалаҳои байнидавлатии ду кишвар ҳайати хитоиро бо таърихи парлумони Тоҷикистон шинос намуд. Сипас байни тарафҳо мулоқоти судманд ҷараён гирифт.
Райиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҷумҳурии Халқии Хитойро аз кишварҳои дӯсту бародар ва ҳамсояи наздики Тоҷикистон дониста, таъкид кард, ки имрӯзҳо байни Душанбе ва Пекин муносиботи хуби сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо ба роҳ монда шудааст, ки ин ба манфиати халқу миллатҳои тоҷику хитоӣ мебошад. Дар мулоқот бештар ба се масъала, таъмини амнияти марзӣ, тақвияти ҳамкориҳои энергетикӣ ва баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Шукурҷон Зуҳуров аз таҷрибаи ҷониби Хитой дар мавриди сохта ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурд ва бузурги барқӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон барои истифода намудани чунин таҷрибаи нодир тамоми имконот мавҷуд аст ва ҷониби  мо барои густариши муносибот бо кишвари дӯст ва ҳамсояи неки Хитой дар ин арса алоқаманд мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки байни Тоҷикистон ва Хитой бояд дар баробари мавҷуд будани роҳи заминӣ, ҳамчунин роҳи оҳан низ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Дар ин самт низ ҳайати хитоӣ алоқамандии кишвари худро ба таври комил баён дошта, барои амалӣ шудани ин пружа омодагии хешро иброз дошт.
Тибқи иттилои манбаъ, роҳбари ҳайати хитоӣ ҷаноби Чжоу Юнкан низ аз талошҳои ҷониби Тоҷикистон дар заминаи амалӣ намудани ин ҳадафҳо ва дар ин росто барои таъмини рушди устувори иқтисодии он ҷонибдории кишвари худро эълон кард.
Мавсуф изҳор дошт, ки ҷумҳурии Халқии Хитой Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз наздиктарин ҳамсояҳои худ ҳисобида, ҳамеша барои тақвияти муносибот бо ин кишвари дӯст аз тамоми имконот истифода хоҳад кард.

Маврид ба ёдоварист, миёни Тоҷикистон ва Хитой то кунун беш аз 150 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба заминаи муносиб фароҳам меоранд. Мубодилаи тиҷоратии байни Тоҷикистон ва Хитой ба марҳилаи афзоиш ворид шуда, то имрӯз беш аз 15 маротиба бештар шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!