Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:10

Таъсиси як ассосиатсияи вижаи ВАО дар Душанбе

22 август 2011, 10:54

Дар шаҳри Душанбе ташкилоти нави журналистӣ Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ ба қайд гирифта шуд.

Ҳадафи созмони навтаъсис ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳои радиотелевизионӣ ва студияҳои истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалӣ мебошад. Тавре роҳбари Асосиатсияи мазкур, директори ТВ «Симои мустақили Тоҷикистон» Зинатулло Исмоилов иброз дошт, Асосиасияро ҳафт ташкилот: ТВ «СМТ», ТВ «Регар», ТВ «Мавҷи озод»-и ноҳияи Восеъ, ТВ 5- шаҳри Конибодом, ТВ «Симо»-и шаҳри Панҷакент, Телевизион ва радиои мустақили Қўрғонтеппа ва ҶДММ «Ориёно-медиа» таъсис доданд.

Зимнан, дар ҷаласаи муассисон зикр гардид, ки дигар ташкилоти телевизионӣ ва радиоӣ низ омода ҳастанд, ки ба узвияти Асосисатсия шомил гарданд. Мақсади асосӣ он аст, ки мегўяд Зинатулло Исмоилов, то кунун манфиатҳои васоити ахбори чопӣ ва масоили ҳуқуқии фаъолияти журналистии онҳо  баррасӣ мешуданд, аммо ба васоити электронии ахбор таваҷҷӯҳ хеле кам буд. Ҳол он ки ин васоит дар пурра намудани фазои иттилоотии кишвар бо маводи босифати журналистӣ саҳми хосае доранд ва ягона манбаи алтернативии дастрасии мардум ба иттилоот мебошанд. Илова бар ин соли 2015 Тоҷикистон дар баробари 100 мамлакати дигари ҷаҳон ба пахши рақамӣ мегузарад ва дар ин замина дифоъи мавқеи телевизион ва радиоҳои мустақил аз нахустин вазифаҳои Асосиатсияи навтаъсис мебошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!