Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:12

Чжоу Юнкан бо Маҳмадсаид Убайдуллоев мулоқот кард

22 август 2011, 11:13

Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси палатаи болоии парлумони мамлакат ҳайати бонуфузи Ҳизби коммунисти Хитойро таҳти роҳбарии ҷаноби Чжоу Юнкан - узви Кумитаи доимии Шӯрои сиёсӣ ва котиби Кумита оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Хитой, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташиф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.


Тавре ба «Озодагон» ёвари раиси Маҷлиси миллӣ Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати меҳмононро шодбош гуфта, таъкид ва изҳори боварӣ намуд, ки бо ташрифи эшон барои тавсеаи сатҳи ҳамкориҳои дӯстонаву гуногунҷабҳа дар ҳама самтҳои мутақобилан судманд, ки аз умқи қарнҳо сарчашма мегиранд, тақвияти тоза хоҳад бахшид.
Таъкид гардид, ки мададҳои техникӣ ва интиқолу азхудкунии инвеститсияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соҳаҳои нақлиёт, телекоммуникатсия, сохтмони роҳҳою туннелҳо ва хатҳои баландшиддати барқӣ гувоҳи равшани муносиботи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳо мебошанд.
Дар ин радиф баҳри тавсеаи ҳамкориҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати потенсиали Ҳизби коммунисти Хитой пешниҳод намуд, ки густариши муносибатҳо бо татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, аграрию гуманитарӣ мувофиқ ба мақсад буда, вусъати амалисозии барномаҳои нав ба манфиати ҷонибҳост.

Ҷаноби Чжоу Юнкан аз ин пазироӣ ва мӯҳтавои сӯҳбат изҳори сипосмандӣ намуда, аз номи раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби У Банго паёми шодбошӣ расонида, зикр сохт, ки кишвараш барои беш аз ҳарвақта бо мамлакати дӯсту ҳамсоя тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд манфиатдор аст. Барои такмили он дар асоси эҳтироми арзишҳои ҳамсоягӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ нақши парламентҳоро муассир арзёбӣ карда, таъкид сохт, ки барои густурдагии муносибатҳо, аз ҷумла нахустин сафари расмии дар фарҷоми соли 2008 анҷомдодаи раиси Маҷлиси миллӣ нақши муассир гузоштааст ва он ҷониб ба шахсияти мавсуф чун ходими бузурги сиёсӣ ва хоҷагидори беназир эҳтиром доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!