Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:47

Ёвон: Садамаи нақлиётӣ бойиси марги ду нафар гардид

22 август 2011, 11:30

Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар рустои «Гули бодом»и ноҳияи Ёвон ду ҷавони 21- сола қурбон шуд.


Тибқи иттилои РБДА, рӯзи истироҳати ҳафтаи сипаришуда, ронандаи автомашинаи  «Опел Вектра» Ҷонибеки Абдулҳафиззода аснои ҳаракат аз самти деҳаи «Калот»-и шаҳри Норак ба ҷониби деҳаи «Гули бодом»-и ноҳияи Ёвон дар километри 47-уми роҳ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дар канори роҳ чаппа мешавад. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири дохили он Лоиқи Сафармуддинзодаи 21-сола дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофирони дигари он Сайрам Ҳакимоваи 31-сола ва Фарҳод Сангови 20- сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта ба касалхона интиқол дода шуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!