Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:36

В.Шевляков: Красноярск муколамаро бо ҷамъияти тоҷикон таҳким мебахшад

23 август 2011, 03:48

Консули Генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Парвиз Асоев бо сафари корӣ аз Красноярск дидан намуд.


Тибқи иттилои вазорати умури хориҷа, зимни сафар худ дипломатии тоҷик бо роҳбарони минтақавӣ ва шаҳрӣ, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилӣ ва вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар Красноярск вохӯриҳо анҷом дод.

Манбаъ афзуд, аз ҷумла вохӯрии Парвиз Асоев бо муовини раиси шаҳри Красноярск Владимир Шевляков баргузор гардид. Консули генералии Тоҷикистон аз наздик бо зиндагонӣ ва урфу одатҳои мардуми маҳаллӣ шиносоӣ пайдо намуд ва аз шарту шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин шаҳр огоҳӣ ёфт. Дар рафти сӯҳбат Консули генералӣ аз мақсади ба нашр расонидани як ёдномаи махсус барои муҳоҷирони меҳнатие, ки барои кор озими Русия мешаванд, хабар дод. Ёднома тоҷикистониёнро аз урфу одат, қонунҳои асосӣ, ҳамчунин маълумотнома дар бораи шаҳр, таърихи он ва фарҳанг шинос менамояд. Дар рафти вохӯрӣ В.Шевляков иброз дошт, ки маъмурияти шаҳри Красноярск омода аст бо созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Красноярск муколамаро таҳким намояд.

Гуфта мешавад, Парвиз Асоев дар ин минтақа бо намояндагони маъмурияти губернатор низ вохӯрӣ анҷом дод. Аз номи губернатори ноҳияи Красноярск Лев Кузнесов консули тоҷикро барои иштирок дар  форуми  IХ-уми иқтисодии   Красноярск, ки феврали соли 2012 дар Красноярск баргузор мегардад, форуми “Тартиби бехатарии муосир – Антитеррор” ва фестивали байналхалқии мусиқии кишварҳои Осиё-Уқёнуси Ором, даъват намуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!