Бахшҳо

1300 донишҷӯи эронӣ дар Тоҷикистон

Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Эрон бурсияҳои таҳсил  барои донишҷӯёни Тоҷикистонро то 250 нафар  афзоиш дод. Ин тавофуқот дар пайи сафари кории вазорати мазкури давлати исломӣ бо сарпарастии Ҳусейни Нодирпур ба Душанбе, ки тайи як ҳафтаи ахир идома дошт,  ба даст омадааст.

Ҳусейн Нодирпур, муовини вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон дар ин муддат бо масъулини  вазорати маорифи Тоҷикистон ва донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ  дидору мулоқот анҷом дода , бо раванди таълим дар бархе аз муассисоти таҳсилоти олӣ дар Душанбе ошно шуд.

Дар поении ин сафари корӣ  миёни вазорати маорифи Тоҷикистон ва вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

Ҳусейни Нодирпур муовини вазири улум таҳқиқот ва фановарии Эрон  гуфт бар асоси ин санади имзошуда  як гурӯҳи кории муштарак таъсис шуда , бо баргузории ду ҷаласа дар сол , ҳамкориҳои ду ҷонибро дар арсаи омӯзишу парвариш ва таҳсилоти олӣ, мавриди  баррасӣ қарор хоҳад дод.

Инчунин  Нодирпур гуфт бо имзои ин ёддошти тафоҳум замина барои ифтитоҳи шуъбаи донишгоҳҳои олии Эрон дар Тоҷикистон фароҳам шуда, аз сӯи дигар ҷониби Точикистон барои донишчуёни эронӣ 50 бурсияи таҳсилӣ чудо кардааст.

Дар навбати хеш Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон аз ҳамкориҳои муфиди ду ҷониб дар арсаи омӯзишу парвариш  истиқбол карда, гуфт ин сафари ҳайати вазорати улуми Эрон ба Душанбе  ҳамкорихои ду ҷонибро дар ин замина ба марҳилаи ҷадид ворид кард.

Фарҳод Раҳимов изҳори умедворӣ кард, ки баъд аз боздиди бевосита намояндагони вазорати улуми Эрон аз донишгоҳҳои олии Тоҷикстон ва арзёбии сифати таълиму тарбия  дар ин муассисот , масъалаи тайиди дипломи донишгоҳҳои олии Точикистон  аз сӯи Эрон баррасӣ хоҳад шуд. Вай бо ишора ба сатхи болои омӯзиш дар донишгоҳҳои олии Эрон ҳамкорихои ду ҷонибро дар бахши табодули донишҷӯён барои Тоҷикистон бисёр муфид арзёбӣ  кард.

Маврид ба ёдоварист, ки равобити Тоҷикистону Эрон дар арсаи омӯзишу парвариш тайи солҳои охир ба таври чашмгир густариш ёфта, табодули донишҷӯён дар макотиби олии ду кишвар меафзояд. Таври мисол, айни замон дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ҳудуди беш аз 1300 нафар ҷавонони эронӣ таҳсили илм доранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)