Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Раҳмонов роҳи муборизаро ба дигарон нишон медиҳад

23 август 2011, 07:28

Як тан аз роҳбарони хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Мӯъминобод роҳи  халосӣ аз хукҳои ваҳширо ёфтааст.


Ба иттилои сокини рустои Дошмандии ҳамин ноҳия Муродалӣ Раҳмонов, соли равон ӯ ҳамроҳ бо аҳли оилааш дар майдони 9-гектар замини лалмӣ дар талу теппаи кӯҳистон нахӯд кишт кардааст. Бояд гуфт, Мӯъминобод ноҳияи кӯҳистон буда, ҳазорон сар хуки ваҳшӣ ин ҷо ба сар мебаранд ва ҳамасола дар мавсими кишту кор ва ҳосилғундорӣ барои мардуми бумӣ дарди сар оварда, ҳосили зироатро нест мекунанд. Аммо кишоварзи асил Муродалӣ Раҳмонов  роҳи ҳали масъаларо хеле осонакак ёфт. Ӯ 4-адад радиои механикӣ аз бозор харида, шабонгаҳ баъди оромии шаб, ки усулан вақти ҳуҷуми хукон ба зироат аст,  дар 4-гӯшаи майдон ба кор медароварад. Бо ба кор даромадани радио ва пахши базму суруд дар фазои кӯҳистон, садҳо сар аз хукони ваҳшӣ рамида, дигар ба майдони зироат наздик намешаванд. Раҳмонов мегӯяд, бо истифода аз ин усул, соли равон тавонистем аз майдони кишт наздик ба 6-ҳазор килограмм нахуд ҷамъоварӣ кунем.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!