Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:35

Тоҷикистону Хитой ҳамкориҳои кишоварзияшонро баррасӣ карданд

23 август 2011, 08:08

Ҷиҳати рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон ҷумҳурии халқии Хитой дар асоси грант ба ҷумҳурии мо 25 трактор ворид мекунад. Дар ин маврид зимни мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Чин тавофуқ ҳосил шуд.

Тавре аз дафтари матбуоти вазорати кишоварзӣ ба «Озодагон» гуфтанд, 5 адад аз ин тракторҳо ба хоҷагии шоликории «Тоҷик ООО Хайли» -и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дода мешавад. Зимни ин дидор ҷонибҳо ба масоили таҳияи механизми ёддошти тафоҳум дар  соҳаҳои растанипаварӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ, занбуриасалпарварӣ, техника ва коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ, омӯзиши кадрҳои соҳаи кишоварзӣ таваҷҷӯҳ намуданд. Бо пешниҳоди вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов миёни вазоратхонаҳои кишоварзии ду кишвар комиссияи доимамалкунанда таъсис ёфт. Ин комиссия тамоми таклифу пешниҳодҳои  марбут ба соҳаи кишоварзиро баррасӣ хоҳад кард. Дар мулоқот зикр шуд, ки ҳамкорӣ миёни ноҳияи мухтори Шинҷони кишвари Чин ва вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар соҳаи парвариши пахта бо воситаи технологияи муосир ва обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!