Бахшҳо

Додгоҳи Олӣ писари Бобоҷон Бобохоновро барои 7 сол равонаи зиндон кард

Файзулло Бобохонов, собиқ додситони ноҳияи Ҳисор ва фарзанди додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов бо ҳукми Додгоҳи Олии кишвар ҳафт соли ояндаи ҳаёташро пушти панҷараи маҳбас сипарӣ хоҳад кард.


Тавре ба «Озодагон» аз Суди Олӣ иттилоъ доданд, баррасӣ ва мурофиаи додгоҳии ин парванда ҳанӯз рӯзи ҷумъаи гузашта, 19-уми август ба поён расида ва ҳукми додгоҳ эълон шуда буд. Маврид ба тазаккур аст, ки дар моҳи апрели соли равон қазияи Файзулло Бобохонов аз сар гирифта шуда, то ин муддат идома дошт.Гуфта мешавад, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор тибқи шаш моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҷумла  сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, ришваситонӣ, тамаъҷӯӣ ва тақаллуб муҷрим шинохта шудааст.

Ёдрас менамоем, Файзулло Бобохонов соли 2005 бо фармони падараш, ки он замон ба симмати Додситони кулли ҷумҳурӣ ифои вазифа мекард, ба мансаби додситонии ноҳияи Ҳисор таъин гардида буд ва дар ин вазифа  то баҳори соли 2010 кор кард, яъне то барканории падараш аз курсии прокурори генералӣ.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)