Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:15

Садамаи нақлиёти бойиси марги ду кас гардид

23 август 2011, 11:08

Сониҳаи нақлиётӣ дар деҳаи «Ғӯлакандоз»-и ноҳияи Ёвон ду кушта ба ҷой гузошт.


Тибқи иттилои дафтари матбуоти РБДА  шоми 21-уми август дар минтақаи мазур Шаҳбоз Холови 18- сола, ки  нақлиёти «Опел- Вектра»-ро идора мекард ва аз самти шаҳри Ваҳдат ба ҷониби Ёвон ҳаракат мекард, пиёдагардон Гулрухсор Саидоваи 16 сола  ва Садбарг  Мирзоеваи 45 солаву Сафармоҳ Зоироваи 61соларо пахш мекунад. Пиёдагардон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, ба беморхона интиқол дода мешаванд. Гулрухсор Саидова ва Сафармоҳ Зоирова аз ҷароҳати вазнинӣ гирифтаашон дар беморхона ба ҳалокат мерасанд, Садбарг Мирзоева бошад, айни замон дар касалхона бистарӣ гардидааст.

Манбаъ афзуд,  шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 7 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 2 нафар фавтида, 8 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!