Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

Масоили фақру нодорӣ дар маркази таваҷҷӯҳ

13 май 2011, 04:55

Семинар машғулиятҳои назариявию амалӣ бо истифода аз барномаи AdePT ва  масъалаҳои таҳлили камбизоатӣ, нобаробарии даромадҳо ва самаранокии барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии омор иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ ва вазорати Британияи Кабир оид ба рушди байналмиллалӣ (DFID) ташкил шуда, дар он 16 нафар мутахассисон аз вазорату идораҳо, аз қабили агентии омор, вазороти рушди иқтисод ва савдо, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  маориф, тандурустӣ, кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иштирок намуданд. Машғулиятҳои назариявию амалиро мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ- Михаил Локшин ва Зураб Саҷая гузарониданд. Барномаи AdePT дар идораи тадқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ таҳия шудааст ва имкон медиҳад, ки бо сарфаи вақти кам, маҷмӯи натиҷаҳои аналитикӣ – ҷадвалҳо ва графикҳо барои таҳлил дар соҳаҳои гуногуни тадқиқотҳои иқтисодӣ таҳия карда шавад.{jathumbnail off}

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!