Нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар дар ноҳияи Дарвоз мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин тавлидгоҳи барқ дар рустои Ширг бунёд гардида, тавоноиаш баробар ба 500 киловатт аст. Маврид ба ёдоварист, ду сол пеш, яъне дар зимистони соли 2009 маҳз дар ҳамин мавзеъ НБО-и «Ширг-1» бо иқтидори 1260 киловатт ба истифода дода шуда буд. Акнун кулли аҳолии маркази ин ноҳияи кӯҳистон ва рустоҳои атроф бо қувваи барқи доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Манбаъ афзуд, зимни ба истифода додани НБО-и «Ширг-2» райиси вилояти МКБ Қодири Қосим ва муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Акрам Сулаймонов ширкат доштанд.
Мӯҳр