Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:29

То пирӯзии комил ва ё шаҳодат меҷангам, мегӯяд Муаммар Қаззофӣ

24 август 2011, 03:39

Раҳбари кишвари Либия, полковник Муаммар Қаззофӣ аз Троблус  ақибнишинӣ карда, ин амалро «иқдоми тактикӣ» унвон кардааст.


Тибқи иттиллои расонаҳои хориҷӣ мухолифини режими Қаззофӣ айни замон гирду атрофии пойтахти Либияро муҳосира карда, ҳалқаи назоратиро васеътар намудаанд. Дар ҳамин ҳол ширкати телевизионии «Ал-Уруба» навореро ба намойиш гузошт, ки зимни паёмаш сарҳанг Қаззофӣ гуфтааст: «Қасам мехӯрам, ки то қатраи хуни охирин ва то дами шаҳодат ва ё пирӯзӣ хоҳам ҷангид». Зимнан, сухангӯи роҳбари Либия ба шабакаи  «Ал-Уруба» изҳор доштааст, ки Қаззофӣ ба ҳеч ваҷҳ  Либияро ба чирикиҳо вогузор намекунад ва ӯ омода аст, ки солҳои тӯлонӣ бо онҳо биҷангад, ҳатто агар Либия ба «хокистар» табдил шавад ҳам. Мухолифин ва ё худ чирикиҳо бошанд, эълон доштаанд, ки барои ба даст овардани шаҳри Троблус ҳудуди 400 нафари эшон ба қатл расида, беш аз 2000 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ҳамин ҳол ҷойи сангари аслии Қаззофӣ номуайян боқӣ мемонад, ҳарчанд бархе аз расонаҳо дар бораи дар Бобулазизия ба сар бурдани полковник ва ёрони ӯ иттилоъ медиҳанд. Собиқ президенти Қалмиқистон ва президенти феълии Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот (ФИДЕ)  Кирсан Илюмҷинов, ки аз дӯстони наздики Қаззофист гуфтааст, «бо Муаммар сӯҳбати телефонӣ доштам, ӯ дар як ҷои амн аст ва ҳукуматро ба касе таслим карданӣ нест».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!