Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:52

«Койка» бахши энержии Тоҷикистонро кӯмак мекунад

13 май 2011, 05:09

Дар вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон маросими асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва амалигардонии лоиҳа оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд бо ҳамдастии оҷонсӣ оид ба робитаҳои байналмилалии «Койка»-и Кореяи ҷанубӣ баргузор гардид.

Тавре ба «Озодагон» аз вазорати номбурда хабар доданд, зимни ин чорабинӣ Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат, роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба ва дастгирӣ бобати бунёд намудани нерӯгоҳҳои хурди барқӣ-обӣ, бартараф кардани камчинии барқ дар навоҳии кӯҳистон, истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба таври муфассал маълумот дод. Ҳамзамон, Ро Сонг-Мин, сафири Корея дар Тоҷикистон гуфт, онҳо итминони комил доранд, минбаъд ҳамкориҳоро тариқи оҷонсии мазкур бо вазорати энергетика ва саноат ва зерсохторҳои он роҳандозӣ кунанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки  дар сурати дар Тоҷикистон созмон додани намояндагии оҷонсии «Койка» якҷоя барои ҳалли мусбии масъалаҳои соҳаи энергетика муваффақ гашта, дар ин замина ҳамкориҳоро таҳким бахшидан имконпазир аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!