Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:20

«Ҳероин» дар камераи резинии велосипед

24 август 2011, 12:19

Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз аз тарафи кормандони   хадамоти гумрук дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа  сабукрави тамғаи «Мерседес Бенс» мавриди тафтиш қарор гирифт.


Аснои санҷиш ва кофтукоб аз бордони  автомашинаи мазкур аз дохили ҷузвдон (сумка)-и  Саъдуло Шамсови 43- сола маводи мухаддир забту мусодира гардид. Манбаъ мегӯяд, ӯ бо мақсади ба  Федератсияи Русия бурда ба савдо задани ду бастаи ҳероин аз камераи резинии дучарха  истифода кардааст.Зимнан, дар ҷараёни амалиёт Олямо Муродова низ бо ҷурми нашъаҷаллобӣ боздошт гардидааст.

Ташхиси лабораторӣ нишон дод, ки маводҳои боздоштшуда навъи «ҳероин» буда, вазни холиси он аз Саъдуло Шамсов  3 килою 552,1 грамм ва аз Олямо Муродова 7 килою  296,2 граммро ташкил дод. Айни замон  нисбат ба шаҳрвандони номбаршуда  парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, ба додситониҳои марбута ирсол гардидаанд. 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!