Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:26

Як корманди шӯъбаи ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳалокат расид

25 август 2011, 03:00

Аз шиддати барқ як нафар ба ҳалокат расида, чор тани дигар дар беморхона бистарӣ гаштанд.


Тибқи иттилои вазорати умури дохила, соати 10-и рӯзи 24-уми август, аснои ҷо ба ҷокунии парчамҳо  дар зери хатти баландшиддати барқ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт, кормандони шӯъбаи сохтмонии ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ: Бӯрибой Каримови 18-сола, сокини рустои Кули Ҳавоии ноҳияи Варзоб, Равзалӣ Холови 32-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чорбоғ,  Сафар Раҷабов, сокини рустои Муғулои Поён, Файзиддин Ёров ва Равзалӣ Ёров ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аснои интиқоли онҳо ба касалхона Бӯрибой Каримов ба ҳалокат расидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!