Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:06

Нойиб-Маршали Нерӯҳои Ҳарбӣ-Ҳавоии Британия дар Душанбе

25 август 2011, 03:30

Дар Душанбе масоили амнияти минтақа, берун шудани нерӯҳои низомии бритонӣ аз Афғонистон то соли 2015  ва ба қувваҳои ҳарбии он кишвар вогузор кардани таъмини амнияти марзу буми давлати исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ иттилоъ доданд, зимни мулоқоти муовини вазири умури хориҷа Низомиддин Зоҳидов бо нойиб-Маршали Нерӯҳои Ҳарбӣ-Ҳавоӣ, ҳамзамон ёрдамчии сардори Ситоди Генералии Британияи Кабир Грех  Ховард мавзӯоти мазкур муҳокима шуданд. Дар нишаст ҳамчунин Тревор Мур, сафири Британия дар Тоҷикистон ва намояндагони вазорати дифоъи он давлат низ ҳузур доштанд.

 

Манбаъ афзуд, меҳмонони олирутбаи англис дар мулоқот қайд карданд, ки то соли 2015 теъдоди афсарону сарбозони Британияи Кабир дар Афғонистон аз 9500 то 2000 нафар коҳиш ёфта, ҷараёни ба низомиёни давлати исломӣ супоридани ӯҳдадориҳо аллакай шурӯъ шудааст. Пас аз соли 2015 нерӯҳои бритонӣ дар Афғонистон фақат ба фаъолияти Академияи Ҳарбии Кобул масъул мемонанду бас.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!