Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:37

Президенти Покистон- Осиф Алӣ Зардорӣ ба Душанбе меояд

25 август 2011, 03:50

Сафири  Тоҷикистон дар  Покистон Зубайдулло Зубайдов бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Оламгир Бобур дар шаҳри Исломобод масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима намуданд.


Дипломати тоҷик Оламгир Бобурро барои ба ин мақом тайин шуданаш табрик намуда, изҳор намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Покистон дар ҳамаи бахшҳо тавсеа ёфта, дар ҳоли рушд қарор доранд.

Зимнан, дар нишасти мазкур масъалаи  мулоқоти қарибулвуқӯи чоргонаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия, ки аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, баррасӣ шуд.Оламгир Бобур дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, дар саммити Душанбе президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар раъси як ҳайати баландпояи кишвар ширкат хоҳад кард.   
Манбаъ афзуд, ҳамзамон дар мулоқот Зубайдулло Зубайдов дар мавриди таҷлили 20-солагии ҷашни истиқлоли Тоҷикистон ҳарф зада афзуд, сафорати Тоҷикистон ин чорабиниро ин чорабиниро дар шаҳри Исломод ба таври васеъ ҷашн мегирад. Барои таҷлили ин он аллакай бисёр ходимони давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар, тоҷирон, олимону адибон, хабарнигорон, корпуси дипломатии муқими пойтахти Покистон даъват шудаанд. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!