Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:05

“Кӯкнор-2011”: 195 килограмм маводи мухаддир мусодира шуд

13 май 2011, 05:26

Дар доираи баргузории амалиёти “Кӯкнор-2011” мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 9 ҷинояти вобаста ба маводи мухаддирро ифшо карданд.

Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз агентии назорати маводи нашъадор иттилоъ доданд, зимнан аз муомилоти ғайриқонунӣ 194 килову 145 грамм воситаҳои нашъаовар мусодира гаштааст, ки наздик ба 7 килои он ҳероин, 441,9 грам афюн ва 187 килову 371 грами боқимондаро ҳашиш ташкил медиҳад. Ҳамчунин 8 адад ҳабби МДМА (экстазӣ) низ кашф ва мусодира шудааст. Маврид ба ёдоварист, амалиёти  “Кӯкнор-2011” аз 1 май оғоз гардид ва қарор аст то 30 ноябр идома кунад. Ба баргузории ин амалиёт кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ, фарҳанг, кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, ҳифзи муҳити зист, телевизион ва радио, агентии назорати маводи нашъаовар, хадамоти гумрук, ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҷалб шудаанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!