Бахшҳо

«Лаҳзаҳои гуворо» мардумро алайҳи нашъамандӣ даъват намуд

Агентии назорати маводи нашъаовар муштаракан бо мақомоти марбутаву  ҳокимияти маҳаллӣ ва дастгирии дафтари САҲА дар шимоли кишвар ҳамойиши вижа доир кард.


Тавре ба «Озодагон» аз ниҳоди мазкур иттилоъ доданд, дар шаҳри Қайроқум ва ноҳияи Мастчоҳ чорабинии оммавӣ–фарҳангӣ ва варзишии  зиддинашъамандӣ баргузор шуд. Татбиқи “Барномаи ягонаи максадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриконунии маводи нашъаовар дар Тоҷикистон барои солҳои 2008–2012” аз аҳдофи аслии баргузории ҳамоиши мазкур унвон мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар чорабиниҳои мазкур зиёда аз 1000 нафар аҳолии шаҳри Қайроқум ва ноҳияи Мастчоҳ иштирок карданд. Кормандони агентӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мутахассисони соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг ва маориф аз зарари маводи нашъадор ба ҳолати тиббӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум ва оқибатҳои фоҷеъабори он сухан карданд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд вазифадор аст дар самти пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳмгузор бошад. Иштирокчиёни чорабиниҳо изҳор намуданд, ки мунтаззам гузаронидани чунин ҷамъомадҳо ба баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оварда мерасонад.

Зимнан, ба хотири ҷалб намудани диққати мардум ба мушкилиҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар ин чорабиниҳо ҳунармандони театрҳои халқии шаҳри Қайроқум, ноҳияи Мастчоҳ ва театр-студияи «Лаҳзаҳои гуворо»-и шаҳри Душанбе бо суруд ва саҳначаҳои зиддинашъмандӣ баромад карданд. Ҳамчунин дар байни наврасон озмуни расми беҳтарин дар мавзӯъи «Нашъмандӣ ва оқибатҳои он» гузаронида шуд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравии агентӣ сарфароз карда шуданд. Ҳамзамон мусобиқаҳои варзишии дастхобонӣ ва вазнбардорӣ дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ гузаронида шуд,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)