Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:29

Таваҷҷӯҳ: 10-уми сентябр "муҳорибаи аср" баргузор мегардад

25 август 2011, 12:14

Виталий Кличко, муштзани укроинӣ изҳор доштааст, ки бар ҳарифи худ- Томаш Адамеки лаҳистонӣ дастболо мешавад, ҳатто агар ӯ бо чӯби бейсбол ба ринг барояд.


Ба қавли Кличко рақобат бо Адамек осону оддӣ нест, аммо вай ҳатман ӯро аз тариқи накаут мағлуб хоҳад кард. Ин дидор 10 сентябр дар шаҳри Врослави Лаҳистон баргузор мешавад.

 

Кличко, ки дар шаҳри Гоинги Австрия ба ин рақобат омодагӣ мебинад, зимни нишасти хабарие дар ҷавоб ба саволи як журналист, ки пурсид Адамек чӣ гуна бар ӯ пирӯз шуда метавонад, дар бораи чубдасти бейсбол ҳарф зад. Аммо аз ин ҷавоб пештар ба саволи мазкур менеҷери Кличко посух гуфт. Ба қавли Бернд Бент пирӯзии Адамекро танҳо тапонча таъмин карда метавонад. Аммо Кличко афзуд, ки: "Фикр намекунам, ки пулис ба ӯ иҷоза бидиҳад, ки тапончаро ба ринг барорад. Шояд чӯби бейсбол ба ӯ кӯмак расонад? Не, не, ҳатто ин ҳам ба ӯ имкон намедиҳад, ки маро шикаст диҳад".

Дар дидор бо Адамек Кличкои бузург унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни вазнини версияи WBC (Шӯрои байналмилалии бокс) ҳифз мекунад. Кличкои 40-сола 44 маротиба ба ринги касбӣ баромада, 42 маротиба дастболо шуда (39-нокаут), ду маротиба мағлуб шудааст. Адамеки 34-сола бошад, аз 45 дидор 44 ғалаба ба даст оварда (28 - нокаут), ҳамагӣ як маротиба шикаст хӯрдааст. Дар гузашта ӯ дар вазнҳои то 79,4 ва то 90,9 кило унвони қаҳрамониро ба даст оварда буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!