Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон унвонии сафорати Русия дар Душанбе нома ирсол карда, аз ҳазлу мутойибаҳои ноҷои барандагони барномаи тафреҳии радиои «Маяк» изҳори норозигӣ карда буд.
Тавре Олим Ширинов, роҳбари гурӯҳи созию овозии «Парем» ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, иллати аслии ирсоли ин нома баромади гурӯҳи онҳо дар толори гаронарзиши Маскав «BI-2», ки 24-уми июл иттифоқ афтод, арзёбӣ мегардад. Ӯ афзуд, муҷриҳои шабакаи мазкури радиои русӣ, зимни ташреҳи ин хабар шӯхиомез гуфтаанд, ки “чун тоҷикон пул надоранд, ночор шудаанд консерти худро дар рӯзи якшанбе баргузор кунанд, на панҷшанбеву ҷумъа ё шанбе.” Ба замми ин яке аз барандагон аз ҳадду эътидоли журналистӣ гузашта ба «Парем» хитобан гӯё гуфтааст: «Ҳамаи тамошочиён шумо дар ин ҷоянд, дар Тоҷикистон касе намондааст». Ҳамчунин, ин муҷриён бо ҳарфҳои носазо аз қабили: «дар Осиёи Миёна фарҳанг дигар вуҷуд надорад», «наход консерти гурӯҳи тоҷикон 1000 рубл арзиш дошта бошад» арзишҳои миллӣ ва фарҳангии моро таҳвин кардаанд.
Дар ҳамин ҳол ба қавли ҷаноби Ширинов, масъулини радиои «Маяк» рӯзи 24-уми август матни номаро қироат карда, аз онҳо узрхоҳӣ кардаанд, аммо боз ҳам зимни пӯзишашон аз ҳазлҳои бемавқеъ истифода кардаанд, ки ин амал нороҳаткунанда буд.
Мӯҳр