Ахиран, вакилони дифоъи Ӯрунбой Усмонов, журналисти Бӣ-Бӣ-Сӣ изҳор доштанд, ки зерҳимояи онҳо зимни боздошт ва нигаҳдорӣ дар ҳабс мавриди латукӯб ва шиканҷаи мақомот қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, журналист аз ҷониби мақомоти интизомӣ 13-уми июн боздошт шуда, аммо дар парванда санаи боздошт як рӯз дер, 14-уми июн, қайд шудааст. Дар тӯли ҳамин як шабонарӯз, ба гуфтаи Усмонов ва вакилонаш, дар боздоштгоҳи муваққатӣ ӯро мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор гирифта буд. Абдуқаюм Юсуфӣ, вакили дифои Усмонов гуфт, дар ҷараёни боздошти зерҳимояаш талаботи бандҳо 22 ва 52-и КҶ-и Тоҷикистон, ки нахуст таъмини ҳар айбдоршавандаро бо вакили дифоъ дар лаҳзаи боздошт ва даст кашидани ихтиёрии ӯро аз вакили дифоъ боз ҳам танҳо дар ҳузури вакили дифоъ раво медонад, риоят нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, додгоҳи вилояти Суғд эълон кард, ки идомаи бозбинӣ ва тафтиши парвандаи Усмонов, имрӯз 26-уми август аз сар гирифта мешавад. Ёдрас менамоем, додгоҳ Ӯрунбой Усмоновро барои иртибот бо ташкилоти табӯшудаи Ҳизб-ут-таҳрир ва хабар надодан дар ин бора ба мақомот муттаҳам мекунад. Дар сурати исботи ин ҷурм Кодекси ҶиноииТоҷикистон то 5 соли зиндон пешбинӣ кардааст. Аммо вакилони дифоъ, созмонҳои мухталифи байнулмилалӣ ва ташкилотҳои журналистӣ иттиҳомоти марбутаро алайҳи хабарнигори бахши ӯзбакии радиои «ВВС» бепоя хонда, Усмоновро бегуноҳ медонанд.
Мӯҳр