Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:37

Додгоҳ судяро «душмани халқ» эълон кард

26 август 2011, 05:04

Дар яке аз хаймаҳои шаҳраки хаймавии шаҳри Киев мурофиаи судӣ аз рӯи додгоҳи суди Печораи шаҳри Киев Родион Киреев, судяи мурофиаи собиқ сарвазири давлати Укроин Юлия Тимошенко, ба истилоҳ  баргузор гардид.


«Суди халқӣ» ҳукм баровардаст, ки ҷаноби Киреев гунаҳкор мебошад ва «додхоҳони халқӣ» ӯро ба мӯҳлати 15-сол маҳбас  ҳукм намудаанд. Гуфта мешавад, дар ин додгустарӣ раисии судро Дмитрий Илченко, ба ӯҳда доштааст. Ба гумони шоҳидон, якчанд намояндагони Радаи Украина аз ҳизби «Блок Юлии Тимошенко» баромад намуданд. Дар мурофиа ба ҷуз муҷозот ба маҳбас намудан, ҷаноби Киреевро ҳамчунин душмани халқи Украина эълом намудаанд. Гуфтанист, дар мурофиаи судӣ якчанд сокини шаҳри Киев, ки аз наздики хайма-суд мегузаштаанд, иштирок ва дидан кардаанд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!