Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:12

71 ҳазор дар вилояти Суғд синфҳои 9 ва 11-ро хатм кардаанд

26 август 2011, 05:31

Раёсати маорифи вилояти Суғд мегӯяд, дар соли хониши 2010 -2011 ҳудуди  71 ҳазор синфҳои  9 ва 11 мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаро дар ин вилоят ба итмом расонидаанд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин мақомот иттилоъ доданд,  аз шумори 71 ҳазор 44 ҳазор нафар хонандаҳои синфҳои  9 ва 27 ҳазор хатмкунандаҳои синфҳои 11 будаанд. Сайфулло Раҳматов, муовини сардори идораи маорифи Суғд  мегӯяд,  қарор аст, 28 ҳазор нафар аз теъдоди умумии хатмкунандаҳои синфи 9- и соли гузашта  дар соли хониши 2011-2012   таҳсил дар синфи 10 -11-ро  идома диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, мушоҳидаҳо аз он бозгӯӣ мекунанд, ки аксар наврасони тоҷик дар  муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва ин омил бойиси коҳиш ёфтани теъдоди хатмкунандагон дар синфҳои болоии макотиби мутавассита мегардад. 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!