Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:35

Бошандагони хона-интернат ва муассисаҳои пиронсолон 17 нафар зиёд шудаанд

26 август 2011, 07:34

Дар муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо ва истироҳатгоҳҳои кишвар омодагӣ ба таҷлили сазовори иди истиқлол идома дорад.


Тавре ба “Озодагон” аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ  ва ҷамъиятии агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати  вазорати меҳнат хабар доданд, феълан дар муассисаҳои мазкур 1522 нафар бошандагон зиндагӣ мекунанд, ки дар қиёс бо соли гузашта 17 нафар зиёд аст. Аз ин шумора 902   нафар мардон ва 620 нафар занҳо мебошанд. Аз ҷумла, 180 нафар маъюбони гурӯҳи якум, 559 нафар маъюбони гурӯҳи дуюм, 127 нафар маъюбони гурӯҳи сеюм (асосан хонандагони литсей-интернат), 558 нафар  маъюбон аз кӯдакӣ, 163 нафар маъюбони бистарӣ ва боқӣ нафақахӯрон мебошанд.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони “Чорбоғ” ба 20 нафар кӯдакони маъюб дар як баст ба мӯҳлати 21 рӯз табобату тавонбахшӣ расонида, ба модаронашон омӯзиш ва маслиҳат дода мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!