Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:13

Свастика дар девори масҷид

13 май 2011, 06:17

Дар шаҳри Сумаи Укроина миллатгароёни неофашист бар девори масҷид рамзи фашизм- салиби сиёҳро кашидаанд. Ин амали неофашистони Укроин маротибаи аввал набуда, хашм ва эътирози беш аз 5 ҳазор сокини мусулмони ин шаҳррро ба бор овардааст.

Маротибаи аввал дар дарвозаи масҷиди сохташавандаи Шоҳроҳи Белополе аз сӯи миллатгароёни укроинӣ рӯзи 2 май, баъдан рӯзи 9 май -Рузи Ғалаба бар фашизм чунин салибҳо бо ранги сиёҳу сурх дар девори масҷид пайдо шуданд. Аммо баъди ин низ неофашистон ором нашуда, дар тахтаи эълонҳои масҷид чунин свастика ва ё рамзи фашизмро ҳаккокӣ кардаанд.

Ҳасан- имоми ин масҷид мегӯяд, ин амал зиёдтар аз авбошӣ буда, нишонаҳои навишташуда дақиқан рамзи фашизм аст, ки бобоҳои мо новобаста аз миллату мазҳаб  бар муқобилаш ҷангида буданд. Ман намехостам, ки мардум ин амалро нодида бигиранд. Ин намунаи тафриқаандозӣ дар ҷомеа аст. Ононе ки ин корро кардаанд, онҳо медонанд, ки чиро менависанд, дар куҷо менависанд ва барои чӣ менависанд. Ин таҳқир ба шаъни мусулмонон аст, - иброз доштааст домулло Ҳасан.

Аммо бо ин вуҷуд, ки дар ин бора ба пулис муроҷиат расидааст, мақомоти интизомии ин шаҳр дар қиболи ин қазия хомӯширо ихтиёр кардааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!