Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:25

Ҷоми Тоҷикистон -2011: Сабқат шиддат мегирад

26 август 2011, 12:08

Даври аввали бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 миёни дастаҳои лигаи олӣ ва тимҳои лигаи аввали футболи мамлакат ба анҷом расид.

Тибқи иттиллои федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин сабқат дастаи «Хуҷанд» бо клуби «Ҳулбук»  ба майдон баромада, бо ҳисоби 3 бар 4 мағлуб шуд. «Вахш»-и Қурғонтеппа бо «Пахтакор»-и Қубодиён 3 бар 0 (техникӣ), «Гвардия» бо «Сабо» 0-0 бозиро мусовӣ анҷом доданд. «ССКА Помир» дар мубориза бо «Данғара» бо ҳисоби 6 бар 0 пирузӣ ба даст овард, бо ҳамин ҳисоб 6 бар 0 «Равшан» «Локоматив»-ро шикаст дод. «Хайр» бо «Ситора» бозӣ карда, бо ҳисоби 3 бар 0 ғолиб шуд, «Шодмон» бошад, бо ҳисоби 5 бар 2 дастаи «Зарафшон»-ро шикаст дод. «Регар ТадАз» бо «Ҳосилот» сабқат карда,  а бо ҳисоби 8 бар 1 пирӯз шуд, «Энергетик» бо дастаи «Румӣ» қувваозмоӣ намуда бо ҳисоби 11 бар 2 ғалаба кард, «Парвоз» бошад «Истаравшан»-ро бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб кард.

Манбаъ афзуд, бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 27-ум ва 28-уми август соати 16-у 30 дақиқа оғоз мешавад. Гуфта мешавад, ки дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ба даври дуюм роҳ ёфт, зеро   рақибаш дастаи  “Пахтакор”-и Қубодиён аз сабқат даст кашид.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!