Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ дар Варзоб вохӯрданд

2 сентябр 2011, 03:10

Шоми дирӯз дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб мулоқоти ғайрирасмии сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон –  Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии президент иттилоъ доданд, раҳбарони аввали се кишвари дӯсту ҳамсоя доир ба масоили ҳамкории сеҷониба, қабл аз ҳама дар бахшҳои энергетика, роҳсозӣ, пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётӣ, ташкили бозори минтақавии нерўи барқ, боло бурдани иқтидори транзитии се  кишвар ва ҳамгироии муштарак ба зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ табодули назар намуданд.Манбаъ афзуд, гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии муштараки минтақавию байналмилалии се кишвар сурат пазируфт.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!