Бахшҳо

Прокуратураи генералӣ: Мӯҳлати боздошти Низомхон Ҷӯраев тамдид гардид

Тайи 10 рӯзи ахир, ки Қонуни авф дар ҷумҳурӣ татбиқ шуда истодааст, ин санад дар нисбати 2.654 нафар маҳкумшудагон, судшавандаҳо, айбдоршавандаҳо ва гумонбаршавандаҳо татбиқ гардидааст.


Шерхон Салимзода, прокурори генералии ҷумҳурӣ дар ин бора дирӯз, 1-уми сентябр зимни як нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон иттилоъ дод. Бино ба қавли ӯ, бар тибқи моддаҳои 1,2,3,4,5,6,9 ва 10-и  қонун «Дар бораи авф» 2 ҳазору 317 нафар аз муассисаҳои ислоҳӣ ва муассисаҳои сукунатии сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод гардиданд. Аз ин шумора 1 ҳазору 76 нафар аз муассисаҳои ислоҳӣ, 305 нафар аз муассисаҳои тафтишотӣ ва 936 нафар аз муассисаҳои сукунатӣ озод шуданд. Аз ҷумлаи озодшудагон 146 нафарро занон, 108 нафарро ноболиғон, 56 нафарро мардони аз сини 55-сола боло, 24 нафарро маъюбону шахсони гирифтори бемориҳо ва 27 нафарро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

 

Шерхон Салимзода дар посух ба пурсиши журналистон оид ба татбиқи ин қонун дар қиболи бархе аз ашхоси мӯҳлати адонагардидаи ҷазояшон гуфт, мутобиқи моддаҳои 8,9 ва 13-и қонун «Дар бораи авф» мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагон кам карда мешавад. Прокурори генералӣ афзуд, бо пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагон Ёрибек Иброҳимов, маъруф ба тахаллуси     «Шайх Ёрибек», Исматулло Ҳабибуллоев бо лақаби «Исмати Аулӣ», Ёқуб Салимов, Садриддин Тошев, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ҷамшед Сияев ва чандеи дигар мутобиқи моддаи 13 ба мӯҳлати дусолӣ ва нисбат ба баъзеашон мутобиқи моддаи 8 аз ин зиёдтар кам карда шуд. Дар мавриди қазияи Низомхон Ҷӯраев, ки ҳудуди беш аз як сол боз дар яке аз боздоштгоҳҳои Маскав ба сар мебарад, додситони кулл гуфт, 27 август аз боздошти номбурда як сол пур шуд ва бо дархости прокуратураи генералии ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби додситонии шаҳри Москва мӯҳлати боздошти ӯ 18 моҳ, яъне то 27 феврали соли 2013 дароз карда шуд. Аз ин рӯ татбиқи қонуни авф дар нисбати Низомхон Ҷӯраев дар ҷараёни баррасии парвандаи ӯ муайян мешавад,- афзуд Шерхон Салимзодаи Одина.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)